Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул шуд. Дар муқаддимаи қонуни мазкур гуфта мешавад, он фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ дар шаҳрвандонро таъмин ва танзим мекунад. Бо ин мақсад консепсия, барнома, методиқаҳои илмӣ барои тарбияи шаҳрвандон, бахусус ҷавонон таҳия мешаванд. Ҳамчунин мақомоти ваколатдор таъсис дода шуда, барои риоя накардани муқаррароти он масъулият ҷорӣ мешавад, лекин ҳоло маълум нест, ки чӣ гуна масъулият.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон боз як самти сиёсати давлат мешавад. Боби 2-юми қонун маҳз ҳамин масъаларо дар бар гирифта, дар он зикр мешавад, ки мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон мебошад.

“Тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат”, - омадааст дар боби 2-юми қонун.

Тавре ки зикр мешавад, чунин зарурат, аз ҷумла ба амнияти онҳо низ рабт дорад.

Вазифаҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон иборат аст аз:

- ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо;

- ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо;

- тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд;

- тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан;

- ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ.

Чӣ гуна ватандӯстиро тарбия мекунанд?

Тавре ки дар қонун гуфта мешавад, дар сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муносибати мураттаби ташкилӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, давлат ба “фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон”, инчунин таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон; “навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он”; тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон уҳдадор мешавад.

Давлат дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии онро таҳия мекунад.

Сиёсати давлатиро дар ин самт мақомоти ваколатдор, ки корро дар ин соҳаи ҳамоҳанг месозад, амалӣ месозад. Илова бар ин, дар қонун доир ба субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ сухан меравад, ки иншоянд:

- мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд;

- коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра;

- муассисаҳои таълимӣ;

- муассисаҳои фарҳангӣ;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) чамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта;

- ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ;

- ҳизбҳои сиёсӣ;

- воситаҳои ахбори умум;

- оила;

- шаҳрвандон.

Зикр мешавад, ки субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо восита ва имкониятҳои ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар маҳалҳо мақомоти вакорлатдори худӣ таъсис дода шуд, дар ҳамин ҳол, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба маблағгузории “тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” вазифадор мешаванд.

Акси марбута
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Ҳамааш аз рӯи низом

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон низоми давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ки барои муттаҳид ва ҳамоҳангсозии кори гуногунҷабҳа дар ин соҳа нигаронда шудааст, ташкил карда мешавад.

Низоми тарбияи ватандӯстӣ ташаккул додани талаботи давлат ҷиҳати ташкили тарбияи ватандӯстӣ, барномаҳои тарбияи ватандӯстии намуд, сатҳ ва самташон гуногунро дар бар мегирад.

Тарбияи ватандӯстӣ муттасил буда, дар доираи барномаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва ҳамчунин барномаҳои таълимии сатҳи гуногуни таълим амалӣ карда мешавад.

“Низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба таъмини мақсадноки ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандон, фарогирии ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳалли вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккул ёфтани тафаккури онҳо мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ нигаронда шудааст. Низом бояд ҷавононро омода карда, намояндагони наслҳои дигарро ба чунин фаъолияти фаъолона ташвиқ намояд, ки дар он донишу таҷрибаи ҳаётӣ бо мавқеи қарзи шаҳрвандию ватандӯстӣ ва манфиатҳои шахсӣ бо манфиатҳои ҷомеа пайванд шаванд”, - зикр мешавад дар қонун.

Нақши асосӣ дар таъмини иттилоотӣ-таҳлилии тарбияи ватандӯстӣ ба манбаъҳои чопӣ ва электронӣ дода мешавад. Бо мақсади ошкоро будани низоми тарбияи ватандӯстӣ мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи ватандӯстиро амалӣ менамояд, ҳамчунин ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ мекунанд, дастрасии иттилоотро таъмин менамоянд.

Ташкили тарбияи ватандӯстӣ аз ҷониби мутахассисоне, ки барои ҳалли самараноки вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон лаёқат доранд, мувофиқи стандартҳои таълимии давлатӣ таъмин карда мешавад. Такмили ихтисоси кадрҳо дар низоми таълими касбии иловагӣ ташкил карда мешавад.

Таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии сатҳи гуногун ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба амал бароварда мешавад. Тартиби ташаккул ва хароҷоти воситаҳои фондҳо, ташкилотҳои хайрия, сарпарастон ва ташкилоти дигарро қонунгузории Тоҷикистон муайян мекунад.

Дар қисми хотимавии қонун гуфта мешавад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Қонун Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” 29 декабри соли 2022 мавриди амал қарор гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.