Дар доираи чорабинии “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар давоми як рӯз 400 нафар сокинон бепул аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, 10 нафар табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт 400 нафар сокинонро муоина намуданд.

“Табибони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо истифода аз нақлиёти сайёри тиббӣ ба сокинон хизмат расонида, ба шаҳрвандон тавсияҳо доданд”, - зикр мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки «Корвони саломатӣ» бо мақсади муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобати сокинон ба таври ройгон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.

Лоиҳа бар асоси созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд соли 2019 роҳандозӣ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 2,06 млн долларро ташкил медиҳад, ки 2 млн доллараш маблағи Фонди авруосиёии суботу рушд ва 60 ҳазор доллараш - саҳми Тоҷикистон аз маблағҳои бахши тандурустӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.