Соли гузашта, 65 корманди соҳаи тандурустии вилояти Суғд барои роҳ додан ба камбудӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои касбӣ ба маблағи тақрибан 45 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
Илҳом Пӯлотзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб як баробар зиёд аст.
Ба иттилои ӯ, дар соли 2021-ум 35 корманди тибби вилоят 25,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буданд.
Номбурда гуфт, ки дар соли 2022 инчунин, ба 70 корманди тиб муҷозоти интизомӣ гирифтаанд.
Ин масъул, сабаби муҷозот ва ҷаримаи кормандони бахши тандурустии вилояти Суғдро амалӣ нагардидани дастурамали вазифавӣ, ба роҳ монда нашудани ҳуҷҷатгузорӣ дар самти коргузорӣ, таъмин карда нашудани парвандаҳои шахсии баъзе аз кормандон, набудани назорати доимӣ тарафи маъмурияти марказ, худсоз будани ҳуҷҷатгузории шуъбаҳо, набудани китоби қайди муроҷиаткунандагони амбулаторӣ ва ғайра маънидод кард.
Ёдовар мешавем, ки соҳаи тандурустӣ бо вуҷуди ҳаётан муҳим будан ҳамасола бо ҷой доштани камбудҳо, аз ҷумла ҳолатҳои зиёди коррупсионӣ дар сархатти расонаҳо қарор мегирад. Инчунин, дар ҳисоботи омории мақомоти коррупсия ҳамасола номи ин соҳа ҳамчун “пешсаф” зикр мегардад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста