Дирӯз, 18-уми январ, аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сахаровои шаҳри Москав, ки дар он муҳоҷирон бо баҳонаи вайрон кардании қоидаҳои будубош нигоҳдорӣ мешаванд, 10 муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад ва мегӯяд, 18-уми январ кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ин марказ дидан карданд.
Ин ниҳоди дипломатӣ мегӯяд, кормандони сафорат бо Алексей Лагода, роҳбари Маркази Сахаровои шаҳри Москав мулоқот анҷом дода, масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, масъулини сафорат ба шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия ва ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияҳо доданд.
“Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид. Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад”, - гуфта мешавад дар иттилоияи сафорат.
Гуфта нашудааст, ки ҳоло дар марказ чанд шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Русия, ки макони кори қариб 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон аст, пайваста аз боздошту таъқиби муҳоҷирон барои вайрон кардани шароити будубоши ин кишвар хабар медиҳад. Бештари онҳо дар маркази Сахаровои Маскав нигоҳдорӣ мешаванд.
Сафорати Тоҷикистон қаблан ҳам дар бораи боздид аз ин марказ ва дар мувофиқа бо роҳбарияти он, ирсол кардани муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон хабар дода буд.
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
БОР барои пешбурди таълими фанҳои техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 40 млн доллар медиҳад
Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд
Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста