Дар хабар доир ба он, ки Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон қабули шаҳрвандонро ҷиҳати иштирок дар Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёрӣ кӯчонидан ба Русия барқарор мекунад, ба иштибоҳ роҳ дода шудааст.
Дар хабар зикр шуда буд, ки “ба қайд гузоштан (сабт) барои қабул танҳо бо ҳузури шахсии нафари хоҳишманди кӯчидан сурат мегирад”.
Дар Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон шарҳ доданд, ки ба қайд гузоштани аризаҳо аз рӯи ин барнома танҳо тариқи реҷаи онлайн анҷом дода мешавад.
Лекин қабули ариза (бо ҳамаи ҳуҷатҳои зарурии ҷамъоварда) бевосита бо ҳузури шахсии аризадиҳанда тибқи рӯйхат аз рӯи низоми сабти электронӣ сурат мегирад.
Тавре ки дар намояндагӣ зикр карданд, шаҳрвандон ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа ба истиснои рӯзҳои ид қабул карда мешаванд.
“Дар ҳолати мутобиқат надоштани маълумоти пурсишномаи шиноснома бо маълумоти ба қайд гузоштан дар рӯйхат, аризадиҳандагон ба қабул роҳ дода намешаванд”, - зикр кард манбаъ.
Дар зарфи 9 моҳи соли гузашта 119 ҳазору 609 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтанд.
Ҳадафҳои асосии Барномаи давлатӣ, ки бо ташаббуси президенти Русия таҳия шудааст, ҳавасмандсозӣ ва ташкили раванди кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанон ба Русия, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва ҳалли мушкилоти демографӣ, пеш аз ҳама дар маҳалҳои афзалиятноки иқомати кӯчбандӣ аз ҳисоби ҷалби иштирокчиёни барнома ба маҳалли зисти доимӣ дар ин кишвар унвон шудааст.
Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон оид ба масоили муҳоҷират дар суроғаи зерин воқеъ аст: ш. Душанбе, кӯч. Толстой, х. 67. Телефон: (992) 37 224-43-49. Почтаи электронӣ: [email protected].
Барои донистани чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ намудан ва ба куҷо муроҷиат кардан барои иштирок дар барнома ба суроғаи зерин ворид шавед.
Бо қоидаҳои сабти онлайн дар ин ҷо шинос шудан мумкин аст.




