Арабистони Саудӣ барои сафари Ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023-юм 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора ба Азия-Плюс Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, созишнома ҳафтаи гузашта замоне ба имзо расид, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси ин кумита дар Арабистони Саудӣ қарор дошт.

Сухангӯи Кумитаи дин гуфт, харҷи сафари Ҳаҷ баъди дарёфти феҳристи зиёраткунандагон аз шаҳру навоҳии кишвар маълум хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки имсол Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими Ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.

Дар пасманзари пандемия, мақомоти Арабистони Сайдӣ дар солҳои 2020 ва 2021 танҳо теъдоди маҳдуди зоирин ва дар соли 2022 1 миллион нафарро иҷозат доданд то ба зиёрати Ҳаҷ раванд. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 танҳо афроди аз 18 то 65 сола, бо эмгузаронии пурра аз коронавирус, бидуни бемории музмин метавонанд ба Ҳаҷ сафар кунанд.

"Дар сурати авҷи дубораи бемории коронавирус, эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мавҷуд аст", - гуфт Афшини Муқим.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 3,5 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари Ҳаҷ барои ҳар як зоирин соли гузашта беш аз 60 ҳазор сомониро ташкил медод.

Тибқи маълумоти тахминӣ, мавсими ҳаҷҷи имсола 19-уми июн оғоз мешавад. Рӯзи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон ва давраи ҳаҷро Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.