Шумораи бекорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол аз сол меафзояд. Дар ин раддабандӣ Ӯзбекистон дар мақоми аввал ва Тоҷикистон дар ҷои охир аст. Бекорию фақр мардони ин кишварҳоро маҷбур мекунад, ки барои пайдо карди ризқ ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ин кишварҳо ҳамеша аз афзоиши ҷои кор мегӯянд, вале тавре дида мешавад, дар аксри ҳолатҳо ин иддаоҳо танҳо дар рӯи варақ асту халос. Бо ишора ба он ки рӯзи 28-уми январ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии бекорон эълон шудааст, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, шумораи расмии бекоронро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум кунад.
Бояд гуфт, ки мо танҳо омори расмии давлатҳоро бо такя ба кумитаҳои омори ин кишварҳо ва манбаъҳои боз ҷамъоварӣ кардем ва ба таври маълум иттилоъи расмӣ танҳо онҳо ҳастанд, ки расман дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ худро ҳамчун бекор дар қайд гузоштаанд.
Дар баробари ин, садҳо нафари дигар дар қайди мақомот нестанд, вале бекоранд ва барои пешбурди зиндагии худ ба дигар кишварҳо, асосан Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аз ин рӯ, мо шумораи расмии муҳоҷирони меҳнатии ин кишварҳоро ҳам шуморидем. Чун онҳо низ бо сабаби набудани ҷои кор ва ё дар сатҳи паст қарор доштани маош ба муҳоҷират мераванд. Ин рақамҳо танҳо маълумоти расмии худи давлатҳо аст. Кишвари Русия омори муҳоҷиронро бештар нишон медиҳад. Аз ҷумла масъулини ин кишвар омори муҳоҷирони тоҷикро беш аз 1 млн мегӯянд.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо”-ро шарҳ дод
Харобиҳо дар се деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ. Хисороти заминларзаи ахир ҳисоб мешавад
“Ба иғво дода нашавед”. Мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд
Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон қариб 13% кам шуд
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд
Мактаби бачагонаи мусиқӣ ба номи Дамирбек Олимов гузошта шуд
Президент тоҷикистониёнро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт
Тақвими муфассали моҳи шарифи Рамазони имсола
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста