Дар Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки муҷассаи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гузоранд ва зиёратгоҳи шоирро таъмир кунанд. Дар ин хусус Абдухолиқ Холиқзод, раиси шаҳри Панҷакент, дирӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Дар Душанбею Самарқанд ва чанд шаҳру ноҳияҳо муҷассамаи шоир ҳаст, аммо дар мо (Панҷакент. -муаллиф) нест. Мо тасмим гирифтем муҷассамаи Одамушшуаро Рӯдакиро дар Панҷрӯд гузорем ва зиёратгоҳи устодро таъмири замонавӣ кунем”, - гуфт Абдухолиқ Холиқзод.

Ба андешаи раиси шаҳри Панҷакент ҳоло зиёратгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба таъмир ниёз дорад, аз ин лиҳоз, онҳо тасмим гирифтаанд, ки онро бо тарҳи зебо тармим намуда, муҷассамаи шоирро низ дар он ҷой гузоранд. Нақшаи таъмир низ омода шудааст.

Ҳамзамон, дар ин нишаст таъкид гардид, ки роҳи Рукнобод - Кӯли калон, ки зиёратгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шафати он ҷойгир аст, низ таъмир карда мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз зиёратгоҳҳои асосии алоқамандони аҳли адаб буда, ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ ба зиёрати он мераванд.

Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс буда, соли 858 таваллуд шудааст ва соли 941 вафот кардааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи Рӯдакӣ сахт вобаста аст ва муосиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.