Обуҳавои Тоҷикистон ҳарчанд каме гарм шуда бошад ҳам, он ноустувор аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар ҷумҳурӣ аз 31 январ то 4 феврал боридани борон ва дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо барфи тар пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки аз 31 январ то 2 феврал дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Ноҳияҳои тобеи марказ тармафароиҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар Душанбе то 4 феврал обуҳавои абрнок дар назар буда, баъзан борон меборад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона - то 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ боронҳои начандон зиёд, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бо барф ва баъзан пуршиддат дар назар буда, ҳарорат рӯзона 7-12 ва дар кӯҳҳо - 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ то 4 феврал ба мисли пойтахт боридани борон дар назар буда, ҳарорат шабона 0-2 ва рӯзона - 5-7 дараҷа гарм мешавад. Ба сурати умум дар вилояти Суғд боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳ бо барф пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона то 3-8 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳаво дар шаҳри Бохтар низ ба мисли Душанбе шуда, фарқият метавонад 1 дараҷаро ташкил диҳад, лекин боришоти назаррас пешгӯӣ намешавад. Дар вилояти Хатлон обуҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон, баъзан пуршиддат пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шарқи ВМКБ шабона 5-10 дараҷа хунук рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар шарқи вилоят ҳарорат шабона то 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона - 15-20 дараҷа хунук мешавад. Дар шаҳри Хоруғ баъзан боришот (борону барф) дар назар буда, ҳарорат рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавои моҳи феврал чӣ гуна мешавад?

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо ва доманакӯҳҳои Душанбе, водии Ҳисор ва вилояти Хатлон моҳи феврал 1 дараҷа болотар аз меъёр пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гарм ва доманкӯҳҳо - 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ тез-тез боронгариҳо ва барфи тар дар назар аст. Дар водиҳои вилояти Суғд моҳи феврал ҳарорат 3-7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 1-5 дараҷа хунук мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат - шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм, рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва баъзан то 14 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар водии Рашт ва минтақаи ғарби ВМКБ моҳи феврал дар ноҳияҳои ҷудогона ҳарорати 1 дараҷа зиёдтар аз меъёр ва ҳарорати миёнаи аз 0 то 5 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Охири моҳ то 7 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст. Дар давоми моҳ боришоти шиддаташон гуногун пешбинӣ мешавад.

Дар шарқи ВМКБ моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳона дар сатҳи 10-15 дараҷа хунук, дар Булункӯл - то 20 дараҷа хунук дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.