Дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) беш аз 20 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 31-уми январ, Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, зимни нишасти хабарӣ, иттилоъ дод.

Номбурда дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ноҳия 256 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин  шумора 22 ададашро худкушӣ ташкил медиҳад.

“Соли 2021 ҳам дар ноҳия 22 ҳолати худкушӣ қайд шуда буд. Яъне фарқият нест.  Аз ин теъдод 11 нафар зан, 6 ноболиғ ва панҷ нафар мардон мебошад”, - афзуд Ҷалилзода.

Дар ҳамин ҳол, Ганҷина Нуруллозода, муовини раиси ноҳияи  Деваштич гуфт, натиҷаи хулосаи тиббӣ дар аксар маврид афроди худкушикардаро “бемори рӯҳӣ” нишон додааст. 

Яке аз ин ҳодисаҳо худкушии Маҳорат Раҳмоноваи 23-солаи деҳаи Хишекати ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштич буд, ки ба гуфтаи масъулин “дар пайи муноқишаву нофаҳмиҳои оилавӣ рух додааст”.

Гуфта мешавад, ки марҳум модари ду кӯдак буд.

Зимнан, дар робита ба сабабу омилҳои худкушии ин духтар бо такя ба экспиртизаи тиббӣ-судӣ гуфта буданд, ки худкушии Маҳорат  Раҳмонова ирсӣ аст.

Чунки баъди солҳои 2000-уми хоҳарбузурги ин духтар ҳам дар оғилхона худкушӣ карда буд. Сабаб ва омилҳои ин ҳодиса ҳам номаълум аст.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021-ум дар ҳудуди вилоят наздики 100 зан даст ба худкушӣ задаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.