Бархе соҳибкорон дар сардиҳои зимистон “антифриз”-и пастсифатро ба фурӯш гузоштаанд, ки онро “Тоҷикстандарт" ошкор кардааст. Дар ин хусус Темурҷон Абдулваҳобзода, сардори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли равон кормандони Агентӣ 310 литр “антифриз”-ро ошкор кардаанд, ки ҳамчун маҳсулоти дорои тамғаи баландтар фурӯхта мешуд, аммо дар асл он пастсифат будааст. Соли гузашта то замони ҷорӣ шудани мораторий ба санҷиши соҳибкорон 485 литр “антифриз”-и пастсифат ошкор карда шуда буд.
“Ҳанӯз ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳро қалбакӣ карда, маҳсулоте истеҳсол мекунанд, ки шаклаш ба ҳам монанд аст, вале ба сифат ва таркиби он аҳамият намедиҳад. Тадбирҳои эҳтиётӣ ва санҷишҳои лабораторӣ нишон доданд, ки дар баъзеи онҳо ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда чизе нест. Дар ҳоле ки антифриз танҳо аз об, спиртҳои дуатомаи этиленгликол ва моддаҳои рангкунанда иборат аст",- гуфт ӯ.
Сардори “Тоҷикстандарт” ёдовар шуд, ки истифодаи ин моеъҳо дар фасли зимистон ба мошинҳо осеб мерасонад.
Дар робита ба ин, Агентӣ ҳушдор медиҳад: ҳангоми харидани ин маҳсулот шумо бояд аз фурӯшанда сертификати мутобиқатро пурсед.
Ба иттилои “Тоҷикстандарт”, дар натиҷаи санҷиши намунаҳои маводи сӯзишворӣ, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, ҳолатҳои фурӯши сӯзишворӣ бо тамғаи дигар низ ошкор шудааст, ҳарчанд дар асл ин маҳсулот ба сифати эълоншуда ҷавобгӯ набуд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста