Зодаи Тоҷикистон бо номи Абдувалӣ Аҳмадалӣ (Abduvali Akhmad Ali) дар бозии навбатии 143-юми лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire, ки рӯзи 1 феврал дар терминали 2-юми фурудгоҳи байнулмилалии Дубай - бузургтарин майдони ҳавоии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 1 миллион доллар бурд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана бо истинод ба дафтари матбуоти фурудгоҳ.
Нашрияи Gulf News-и Аморот иттилоъ медиҳад, ки Аҳмадалӣ ҳоло аз худ хабар надодааст, лекин барои гирифтани бурд метавонад ба маъмурияти баргузории бозии лотерея муроҷиат кунад.
Ба иттилои нашрия, билети бурдкардаи лотереяро бо арзиши 1 ҳазор доллар таҳти рақами 4226 Абдувалӣ тариқи Интернет 16 январи соли равон харидааст. Ӯ аввалин зодаи Тоҷикистон аст, ки дар бозии лотереяи фурудгоҳи Дубай 1 млн доллар бурд кардааст.
Зодаи Шри-Ланка Ясас Налин Патирана (Yasas Nalin Pathirana), ки бо билеташ зери рақами 0906 дар силсилаи “Туҳфаҳои ҷолиб” (Прекрасные сюрпризы) ба сифати ҷоиза мотосикли тамғаи BMW R nineT Pure-ро бурд кард, низ ҳоло аз худ хабар надодааст.
Аммо хабарнигорони Gulf News тавонистаанд дар бораи зодаи 48-солаи Ҳиндустон Амит Сараф (Amit Saraf), ки дар ҳамон силсилаи "Туҳфаҳои ҷолиб" бо билети лотереяи рақами 0115 мошини Mercedes Benz S500-ро бурд кард, маълумоти кофӣ ба даст оранд.
Сараф гуфтааст, рӯзи 12 январ дар роҳ ба пойтахти Ҳиндустон Ню-Дели 6 билети лотерея харидааст. Қобили зикр аст, ки ӯ аллакай якчанд сол дар бозии лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire иштирок карда, 20 январи соли 2021 ҷоизаи асосии 1 млн долларро бурд кардаст. Пас аз гирифтани маблағи бурдкардааш Сараф аз Бангалор ба Дубай омада, ширкати савдои худ тариқи интернетро низ ба ин ҷо кӯчонидааст.
“Замоне бурд дар ин лотерея ба ман имкон дод, ки аз Ҳиндустон ба Дубай кӯчам. Ин бозии лотереяро яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон медонам ва он имрӯз ба ман бори дуюм хушбахтӣ меорад”, - изҳор доштааст Сараф ба рӯзноманигорон.
Лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire аз соли 1999 баргузор мешавад. То имрӯз намояндагони аллакай 49 кишвар ҷоизаи асосии он - 1 млн долларро бурд кардаанд.
Муллораҷаб Халифаев ва Наврӯзи Каримзод соҳиби “Ҷоми шаҳрдори Душанбе” шуданд
Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад
Додситони кулли Тоҷикистон: соли 2022-ум 97 нафар ба Тоҷикистон истирдод шуданд
Давоми 2 моҳ хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% қимат шуд
Фестивали бозиҳои миллии Душанбе чӣ гуна мегузарад?
Машқгоҳи ҳарбии нав дар Бадахшон дар заминҳои хоҷагии “Помир” сохта мешавад
“Бим ва эҳсоси хатар”. Зиндагии сокинони деҳаи Сомониёни Исфара пас аз шаш моҳи низои марзӣ
КҲФ аз эҳтимоли селфароӣ ва болоравии сатҳи оби дарёҳо огоҳ мекунад
Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хост, Хуршед Фозиловро раҳо кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста