Абдураҳмон Ваҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар тасмими мусодираи чанд адабиёти диниро дар мағозаҳои Душанбе муайян, ошкор ва пешгирӣ кардани адбиёти дорои хусуситяи ифротидошта дар кишвар маънидод кард.
Ӯ, ки имрӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард афзуд, соли 2022 як силсила санҷишҳо гузаронида шуд ва маълум гардид, ки мазмуну муҳтаво ва сифати аксари адабиётҳои динӣ дар мағозаҳои Душанбе ба талабот ҷавобгӯ нест.
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2022 мақомот дӯконҳои фурӯши адабиёти диниро дар маркази шаҳри Душанбе бастаанд ва дар шарҳи он гуфта буданд, ки фурӯши ғайриқонунии китобҳои динӣ, нагузаштани асарҳо аз ташхиси диншиносӣ ва шикояти муаллифони китобҳоро аз сабабҳои аслии баста шудани дари дӯконҳои китоби динӣ дар Душанбе аст.
Ҳамакнун, Абдураҳмон Ваҳобзода мегӯяд, “китобҳои диниро ба арзишҳои миллӣ мувофиқ мекунем. Он қаҳрамонҳои бегонае, ки дар адабиёти динӣ буданд, мехоҳем бо қаҳрамонҳои худ иваз кунем. Баъд аз гузаштани экспертизаи динӣ адабиётҳо ба мағозаҳо бармегарданд”.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бошад, гуфт, ҳолатҳое ҳаст, ки ноширон барои чопи як миқдори муайяншуда муроҷиат мекунанд, вале баъди гирифтани иҷозат ошкор мешавад, ки барзиёд нашр кардаанд.
“Шояд ин барои гурехтан аз андоз ва ё манфиати бештар ба даст овардан карда мешавад”, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста