Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо нашри рақамҳои боварӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки дар робита ба ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маълумот ироа кунанд.
Ба иттилои ин кумита, минбаъд сокинони кишвар метавонанд, дар бораи ҳама гуна нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба қабулгоҳи ҷамъиятии экологӣ бо рақами +992 77 716 22 75 хабар диҳанд.
“Ба рақами телефони зикршуда тариқи WhatsApp ва Telegram мавод фиристед, аз ҷумла дар бораи далелҳои мавҷуд будани партовҳои худсаронаи маишӣ, далелҳои бе иҷозат буридани дарахтон, бесифат тоза кардани ҳудуд, дар бораи “мошиншӯйиҳо” дар ҷойҳое ғайри мақсаднок ва ғайра”, - дархост мекунад Кумита.
Ба гуфтаи манбаъ, нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар доираи муроҷиати шаҳрвандон рейдҳои фаври ташкил намуда, мушкилоти мавҷударо дар доираи ваколатҳои худ ва тибқи тартиби муқараргардидаи қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ менамоянд.
Гуфта мешавад, ки ин рақамҳои боварӣ ба таври шабонарӯзӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат фаъол аст.
“Ҳангоми ирсоли маълумот ба мессенҷерҳои мазкур ҳатман маълумотҳои алоқаи худро (нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият), суроғаи дақиқ ва пурраи қонунвайронкунии сабтшуда (акс ё видео бо сифати беҳтар), рақами телефони тамоси худро (дар ҳолати фарк намудани рақами мессенҷер бо рақами тамос) то ки мутахассисон дар ҳолати зарурӣ барои аниқ кардани маълумот бо Шумо тамос гиранд”, - менависад ин ниҳод.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид менамояд, ки маълумоти шахсии пешниҳодкардаи шаҳрвандон махфӣ боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки рақамҳои боварии вазорату кумитаҳои гуногуни кишвар қаблан ҳам таъсис шуда буданд, аммо шаҳрвандон аз ҷавоб надодани телефонҳои боварӣ шикоят мекарданд.
Мо барои санҷиши ин ҳолат ба рақамҳои боварии пешниҳодкардаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба тамос шудем ва ҳолати мазкурро санҷидем. Тамоси моро ҷавоб доданд ва шикояти моро ба қайд гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар пайи сардиҳои бесобиқа ва мушкилоти обу барқу гармӣ “Шабакаҳои тақсимоти барқ” телефонҳои боварӣ ташкил карда буд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста