Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон биноҳои баҳсбарангези мансуб ба ширкати “Комил 2010”-ро, ки гуфта машавад молики он Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, “мустаҳкам ва ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳад”. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ин ширкат то ҳол ҳаққи сохтмони бинои навро дар пойтахт надорад ва “ҳозир сохтмони нав надоранд”.

“Тибқи дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар назди шаҳрдорӣ комиссияи корӣ ташкил шудааст ва онҳо дар робита ба биноҳои ин ширкат корбарӣ карда истодаанд. Аз сабаби он ки аллакай барои сохтмон маблағ сарф шудааст, дар оянда биноҳоро мустаҳкам ва ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳем”, - гуфт Низом Мирзозода.

Номбурда афзуд, дар робита ба ин масъулин аз ҷумла, Хадамоти назорати сохтмон корбарӣ карда истодааст ва дар ин иншоотҳо камбудиҳоро ошкор кардаанд.

Дар Душанбе сохтмони якчанд биноҳои баландошёнаро ба Бег Сабур марбут медонанд. Аксаран аз ҷараёни сохтмону сифати корҳои ин изҳори норозигӣ мекунанд, лекин бинобар арзонтар будани хонаҳо нисбат ба дигар сохтмонҳо, ба онҳо таваҷҷуҳ менамоянд.

Дар гузашта низ чанд мақомдор аз кори ин ширкат дар Душанбеву Кӯлоб танқид карда буданд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли 2021 гуфта буд, ки ширкатҳои Бег Сабур - “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ дар як ҷаласа аз сохтмони иншоот дар пойтахт ва кори ширкатҳои сохтмонӣ изҳори норозигӣ карда, дастур дода буд, ки дар наздиктарин фурсат камбудиҳо дар ин самт бартараф карда шаванд.

Ба гуфтаи раиси пойтахт, дар сохтмони манзил ширкатҳо меъёрҳоро риоя намекунанд ва дар ин робита, кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.