Сабаби норасоии табибон дар минтақаҳои Тоҷикистон ба Русия барои кор рафтани мутахассисони варзидаи соҳаи тибби кишвар будааст. Дар ин бора Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти хабарӣ, иттлоъ дод.

Ӯ, ки дар робита ба сабаби норасоии 500 табиб дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дигар донишгоҳҳои тиббии хориҷиро мутахассисони зиёд хатм мекунанд, вале сабаби норасоии табибон тарки Ватан карда, ба Русия барои кор рафтани аксари табибони пуртаҷриба мебошад.

“Барои ҳамин дар мо табибон намерасанд, аммо рӯзе мерасад, ки ин табибон боз ба Ватан бармегарданд ва ба кори худ идома медиҳанд”, - гуфт Убайдулло Қурбон.

Бояд гуфт, ки солҳои охир коршиносон аз норасоии мутахассисони соҳаи тиб зиёд мегӯянд ва таъкид мекунанд, ки дар ин самт бояд ҳатман чораандешӣ карда шавад. Махсусан, дар минтақаҳои Тоҷикистон норасоии табибон ба таври рӯшан эҳсос мешавад ва аҳолии дурдасти манотиқи дур аз марказ, барои табобат ва ё ҳатто ташхис маҷбур мешаванд, ки ба маркази вилоят ва ё ҷумҳурӣ раванд. Зеро дар аксари навоҳии дурдасти кишвар табибони оилавӣ, анестизиолог-реаниматолог, педиатр ва анестизиологҳо намерасанд.

Махсусан, пас аз оғози раванди муҳоҷират ба Русия, табибони зиёди кишвар тарки пеша карда, ба ин кишвар сафар кардандю Бо гирифтани шаҳрвандии Русия муқими ин кишвар гардида, фаъолияти худро дар ин самт идома дода истодаанд.

Қаблан вазири тандурустии кишвар норасоии табибон дар тамоми ҷумҳуриро тасдиқ карда, гуфта буд, ки сабаби асосии он муҳоҷирати табибон аст. Ба қавли вазири сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои дигар, махсусан, ҳамсоя маънидод карда буд.

- Кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиббӣ барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд,- гуфта буд вазири тандурустӣ.

Ба гуфтаи вазир танҳо дар 6 моҳи соли 2022 дар умум 674 табиб ва 1 ҳазору 350 ҳамшираи шафқат Тоҷикистонро тарк карда, ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб  кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.