Чиллахон Холов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз фалаксарои маъруфи тоҷик, пас аз беморие дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ҳамкасбону наздикони овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.

Ҷанозаи овозхон зуҳри имрӯз дар маҳаллаи Пахтакори Душанбе баргузор мешавад.

Марҳум 66 сол дошт ва соли гузашта ҷарроҳии гурда гузаронида буд.

Чиллахон Холов дар поёни солҳои 1980 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

Солҳои охир Чиллахон Холов  бештар бар пояи ашъори классикон, аз ҷумла бар ғазалиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тарона эҷод мекард.

Ҳоло ихлосмандонаш аз Чиллахон Холов ҳамчун овозхони маънифаҳм ёд карда, даргузашти ӯро талафоти бузург барои санъату фарҳанг медонанд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!