Арабистони Саудӣ ба сокинони аз тарма осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар кӯмак мефиристад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ироаи кӯмак зимни ташрифи ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ёвари ҷонишини вазири корҳои хориҷии Арабистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷаноби Муҳаммад Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ Ал-Матрафӣ ба ин Кумита баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои мусоидат ба таҳкими иқтидори техникии Кумита, таъсиси маркази симулятсионии дорои синфҳои интерактивӣ, харидани таҷҳизоти махсус барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҷҳизоти махсус барои наҷотдиҳандагон низ муҳокима гардидааст.
“Дар ин дидор дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Бунёди Шоҳ Салмон ба аҳолии осебдидаи Тоҷикистон аз офатҳои табиии зимистони соли ҷорӣ ва ҳамчунин, кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуд”,- менависад манбаъ.
Таъкид мешавад, ки ин ёриҳо ба 12 ҳазор аҳолии ниёзманди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва бар асоси муоҳада ёрии Бунёди Шоҳ Салмон аз тариқи Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон муддати 6 моҳи соли 2023 тақсим карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Зарари дар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста