Дар ҷашни байнулмилалии Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон пайиҳам 8 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, қарор шудааст, ки рӯзи кории душанбе, 20 март ба рӯзи шанбе, 18 март гузаронида шавад.

“Аз ин рӯ, 18 март рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои аз 19 то 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда мешаванд. Ҳафтаи нави корӣ рӯзи 27 март оғоз мегардад”, - гуфтанд дар Федератсия.

Ба ин тариқ, дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 8 рӯз пайиҳам - 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март истироҳат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактабхонҳо кам карда мешавад.

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 20 то 26 март ба таътил баромада, рӯзи 27 март дарсҳо оғоз мешаванд.

Қаблан таътили баҳории мактабхонҳо 10 рӯз буд ва то 1 апрел давом мекард.

Дар Вазорати маориф зикр карданд, ки ин қарор бо сабаби то 20 январ дароз шудани таътили зимистонаи макатабхонҳо қабул шудааст.

Он замон зикр гардида буд, ки соатҳои дарсии дар давоми таътили моҳи январ иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.