Соли 2022 ташкилотҳои байналхалқӣ ба соҳаҳои гуногуни вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиону 350 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак кардаанд. Соли 2021 ин рақам ба 1 миллиону 107 ҳазор доллар баробар буд. Дар ин бора Муҳаммадҷобир Раҷабзода, мудири шӯъбаи сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод
“Ин кӯмакҳо асосан аз тарафи Барномаи рушди СММ, Фонди Оқохон, ташкилоти Актед, Ҷайзер, Хелветас ва дигарҳо роҳандозӣ гардида, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, қисман обтаъминкунӣ, тандурустӣ, маориф, дастгирии занҳои соҳибкор ва монанди инҳо равона карда шудааст,”-гуфт Муҳаммадҷобир Раҷабзода.
Аз ҷониби давлатҳо бошад, соли 2022 ба вилояти Суғд 962,2 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2021 камтар аст. Соли 2021 ҳаҷми кӯмак аз ҷониби давлатҳо 1 миллиону 741 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода буд.
“90-95% кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби Русия ва Қазоқистон ба вилоят ворид гардидааст. Кӯмакҳо асосан аз маводи хӯрокворӣ, таҷҳозоти тиббӣ ва дорувори иборат буда, тақсимоти онро соҳаҳои марбута ба анҷом расонидаанд”, - гуфт манбаъ.
Ба таъкиди Муҳаммадҷобир Раҷабзода соли 2021-ум аз ҳисоби пандемия кӯмакҳои башардӯстона афзуда буд.
Дар ҳамин ҳол Агентии омори ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки кишварҳои мададрасон кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон қариб 12 баробар кам карданд. Шумори мададрасонҳо аз 26 кишвар дар моҳи январи соли 2022 то 19 кишвар дар моҳи январи ҳамин сол кам шуд.
Дар моҳи январи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млн доллар кумаки башардӯстона гирифтааст.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста