Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар ҷаласаи пеш аз даъват ба хидмати ҳарбӣ ҷараёни даъвати соли сипаришударо баррасӣ карда, ба комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ супориш додааст, ки бо мардум, ба вижа бо ҷавонони синни даъватӣ ва волидони онҳо ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора сомонаи Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомаде, ки дирӯз, 15-уми март, бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, дар асоси Қонун “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” иҷрои талаботи фармони президент аз 1-уми марти соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Дар доираи таҳлилу натиҷагирӣ аз чорабиниҳои даъватии соли сипаригашта қайд карда шуд, ки дар радифи як қатор комёбиву пешравиҳои назаррас, ҳамоно фаъолияти баъзе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад”, - зикр мегардад дар сомонаи вазорат.
Таъкид мегардад, ки барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдойдошта Шералӣ Мирзо супориш дод, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ, баҳри хуб гузаштани даъват, пеш аз ҳама ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо ба роҳ монанд.
Шералӣ Мирзо барои дақиқан муайян кардани теъдоди захираҳои сафарбарӣ ва пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба масъулин супоришҳои вижа додааст.
Ҳамчунин, вазири дифоъ супориш додаст, ки масъулин дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар самти бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурияти хизмати ҳарбӣ, адои вазифаи ҷавонмардӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон тамоми шароити заруриро барои ҳайати комиссияи даъватӣ муҳайё созанд.
Дастурӣ ҳамкорӣ бо мардуми вазири дифоъ дар ҳолест, ки ҳамасола бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳамеша ба набудани “облава” таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Оила – макони меҳрубонӣ (чандрасонаӣ)
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар шимоли Тоҷикистон мулоқот карданд
Чин эътимодномаи сафири Толибонро пазируфтааст
Кӣ метавонад дар ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон миёнарав бошад?
Суғд: Беш аз 100 кӯдаки гирифтори ВНМО кумакпулӣ мегиранд
“Омӯзгорон муваққатӣ дар хобгоҳ мезистанд”. Шарҳи қазияи аз хобгоҳ рондани омӯзгорони Донишкадаи омӯзгорӣ дар Рашт
Дар Тоҷикистон муайян мекунанд, ки сокинон ба кадом расона афзалият медиҳанд
FMFB MOBILE. Замимаи нави мобилӣ бо сохтор ва намуди муосир
“Душанбе, атри Кобулҷон”. Ва ё чаро дар 20 сол низоми давлатдории Афғонистон устувор нашуд?
Раиси КДАМ-и Қирғизистон: Ҳамаи фоҳишахонаҳоро ошкор кунед ва бандед
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста