Бо қарори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Деваштич, ки дар маркази ноҳия - шаҳраки Ғончӣ ҷойгир аст, ба ифтихори рӯзи зодрӯзаш ба номи Дамирбек Олимов, овозхони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маросими расмии бозкушоӣ ва номгузории ин мактаби бачагонаи мусиқӣ бо ширкати намояндагони фарҳанг аз вилоят ва ҷумҳурӣ ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
"Дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич аз 8-уми сентябри соли 2022 таҳти рақами 794 "Дар бораи номгузорӣ намудани Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов" дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардид", - гуфт Бобоҷон Зокиров.
Қаблан Бобоҷон Зокиров ба “Asia-Plus” хабар дода буд, ки пешниҳоди мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли сипаришуда бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.
Ҷасади Дамирбек Олимовро зуҳри ҳамон рӯз дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич ба хок супориданд. Марҳум 33 сол дошт ва аз сарояндагони соҳибистеъдоди рӯз ба ҳисоб мерафт.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста