Соли 2022 Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар кишвар 35 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд.

Ин саҳм то моҳи феврали соли 2023 барои харидори намудани маводи ғизоӣ, аз ҷумла орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва лӯбиёгӣ барои 68 ҳазор хонанда ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон сарф шудааст. Афзалият ба мактабҳое дода шуд, ки кӯдакони гурезаҳои афғон ва кӯдакони тоҷик аз ҷамоатҳои аз ҷиҳати таъмини амнияти ғизоӣ ноамн, таҳсил менамоянд.

«Ҳукумати Ҷопон солҳои зиёд яке аз шарикони муҳими БОҶ дар Тоҷикистон ба шумор меравад,» - гуфт Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам - Мо аз дастгирии доимии Ҷопон бениҳоят миннатдорем, зеро ҷомеаҳо, аз ҷумла гурезаҳои афғон, барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ ва ғизоӣ ва эҷоди устуворӣ ба кӯмаки мо эҳтиёҷ доранд».

Зиёда аз 20 сол аст, ки БОҶ тавассути Барномаи ғизои мактабӣ кӯдакони тоҷикро бо ғизои солим ва серғизо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмин мекунад. Зиёда аз 450 ҳазор нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҳудуди 2 ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамарӯза бо хӯрок ва нони гарм таъмин мегарданд.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.