Обуҳавошиносони Тоҷикистон дар бораи обуҳавои охири моҳи март маълумот доданд. Рӯзҳои 28-29 март дар Душанбе мисли имрӯз ҳаво гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат то 27 дараҷа гарм шуда, боришот дар назар нест.

Лекин рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа - 30 ва 31 март обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи аввали моҳи апрел ҳаво софу бебориш мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат ба монадаи пойтахт дар назар буда, дар ҳамин ҳол, аз рӯзи панҷшанбе то шанбе дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 2000 м борону барф) меборад.

Сокинони Хуҷанд метавонанд беташвиш бошанд: тибқи пешгӯиҳо дар ин ҷо муддати тамоми ҳафта боришот дар назар набуда, ҳарорат рӯзона аз 22 то 24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Суғд дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳо бебориш шуда, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот дар назар аст.

Дар Бохтар рӯзҳои 30 март ва 1 апрел боришоти кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Ба сурати умум, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон аз рӯзи панҷшанбе то шанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.

Дар Хоруғ ва ВМКБ аз 30 март то охири ҳафта борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳарорат аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки аз 28 то 31 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд, инчунин ғарби ВМКБ ҳодисаҳои тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.