Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пагоҳ, 29-уми март, бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад ва дар таҷлили ҷашни Наврӯз ширкат мекунад.

Дафтари матбуоти ӯ қаблан хабар дода буд, ки сафари раисиҷумҳур ба вилояти Суғд то 31-уми март идома ёфта, дар ин муддат ӯ дар ифтитоҳи як қатор иншоот дар навоҳии мухталифи вилоят ширкат хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ аз навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дидан мекунад.

Дар робита ба ин, Шуъбаи БДА-и вилояти Суғд хабар медиҳад, ки аз 29-уми март то 1-уми апрел дар роҳҳои вилоят маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳо ҷорӣ карда мешавад.


Рӯзи 29-уми март кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон-Хуҷанд то Боғи миллӣ баста мешаванд.

30-уми март ҳаракат дар кӯчаи марказии шаҳри Истиқлол, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ то Р.Ҳоҷиев (Раҳимӣ)-и шаҳри Хуҷанд маҳдуд мегардад.

Рӯзи 31-уми март роҳ аз деҳаи Хаштяки ноҳияи Спитамен то ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва деҳаи Зафарободи ноҳияи Зафаробод баста мешавад.

Рӯзи 1-уми апрел дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд-Конибодом то шоҳроҳи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, роҳи Конибодом-Дехмой аз ҷамоати деҳоти Исфисор, роҳи мошингарди Овчӣ-Қалъача, деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз Деҳмой то ҷамоати деҳоти Ёва, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз пули маҳаллаи Сартукай то маҳаллаи 3, кӯчаҳои Р.Хоҷиев, И.Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Ҷӯра Зокири Хуҷанд ҳаракат маҳдуд карда мешавад.

Акс аз Asia-Plus

Шуъбаи БДА-и вилояти Суғд аз сокинон ва меҳмонони вилоят хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баста шудани роҳҳо ва кӯчаҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори таҷлили Наврӯз дар Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Суғд пойгаи аспдавонӣ, бузкашӣ, ҷашнвораҳои “Сайри гули лола”, “Аруси Наврӯзӣ” ва “Маликаи баҳор” баргузор мегардад.

Намояндагони зиёиёни эҷодкор ва мадании мамлакат, ҳайатҳои вакилони хориҷӣ низ ба ҷашн ба сифати меҳмон даъват шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.