Дар 10 рӯзи аввали оғози маъракаи даъват ба артиш, нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) нахустин шуда нақшаи даъватро иҷро карданд.
Ҳамчунин, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонидаанд. Нақшаи даъват ба артиш дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 57 дарсад иҷро шудааст.
“Дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 34 фоизро ташкил дода, ноҳияи Вахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дод”, - хабар медиҳад Вазорати дифоъ.
Манбаъ менависад, ки дар давоми 10 рӯз вилояти Суғд нақшаи даъватро ба артиш 26 дарсад ва шаҳри Душанбе 30 дарсад иҷро кардаанд.
Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол низ чанд наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки сокинон онро сарбозшикор меноманд.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Дар бораи шеваҳои даъвати ғайриқонунӣ ба артиш дар инҷо хонед.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста