Шоми дирӯз, 1-уми май, дар доираи ҷашнвораи “Парасту-2023” дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи “Қисмат” манзури тамошобинон гардид. Ин намоишномаро Театри мусиқӣ - драммавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба саҳна гузошта буд.
Намоишномаи мазкур рӯи саҳнаи театр ба намоиш гузошта шуд ва онро ҳудуди 100 нафар тавонистанд тамошо кунанд. Дар ҳоле ки толори театр комилан холӣ буд.
Ин ба ташрифи муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода рабт дошт ё не, номаълум аст, аммо тааҷҷубовар буд, ки даҳҳо тамошобин дар беруни театр мондаву масъулини он нагузоштанд ҳаводорони санъат вориди театр шаванд.
Худойдод Орифӣ, ҳунарпеша ва коргардон, яке аз нафароне буд, ки вориди театр шудаву бо сабаби набудани ҷой дар саҳна натавонист намоишномаро тамошо кунад.
“Масъулин фаромӯш кардаанд, ки намоишномаро ба пойтахт ва ба ҷашнвораи ҷумҳуриявӣ овардаанд. Агар ҳол ҳамин аст, беҳтар буд, мисли театри хиёбонӣ ба намоиш намегузоштанд. Агар намоишнома танҳо барои теъдоди маҳдуд бошад, беҳтараш моро хабар надиҳанд”, - гуфт Худойдод Орифӣ.
Сумани Убайдулло, як ҳаводори дигари театр низ аз ҷои каму танг шикоят кард ва гуфт, ки “китф ба китф зада, миёни мардон надаромад”.
“Муносибати масъулини Театри давлатии академии опера ва балет ҳам бисёр сард аст ва ба ҷои он ки мухлисони театрро ҷой диҳанд, баръакс, роҳи баромадро нишон медоданд”, - шикоят дошт Суман.
Шаҳзода Ашӯралиева, мухлиси дигари театр, ки хеле пештар аз оғози намоиш ташриф оварда буд, мегӯяд, “ҳоло намоиш оғоз нашуда, дари асосии театрро бастанд”.
“Як нафар зан, ки дар назди дари театр истода буд, бепарвоёна гуфт, ки дигар ҷой нест, дар қулф, тамом. Мо ҳам хирагӣ карда, аз дари эҳтиётӣ ба театр ворид шудем”, - гуфт Шаҳзода.
Ҳамин тавр, даҳҳо нафар натавонистанд вориди театр шудаву намоишномаи “Қисмат”-ро тамошо кунанд.

Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, 2-юми май, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро шарҳ дода, таъкид карданд, ки “вижагии намоишнома инро талаб мекард”.
Мирзоолим Саидов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг, ки масъули баргузории ҷашнвораи “Парсату-2023” аст, гуфт, “дар фестивал се намоишнома дар чунин қолаб, яъне дар рӯи саҳна, курсиҳоро гирд гузошта ва дар доираи 100 - 150 нафар ба намоиш гузошта шуд. Ин намишномаҳо “Иштибоҳ”-и Театри давлатии ҷавонон, “Савдоӣ”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ ва “Қисмат”-и Театри мусиқӣ - драммавии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд”.
“Талаботи ин се намоишномаҳо ҳамин буд, ки дар доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шаванд. Коргардонҳо ҳам дар ҳамин қолаб намоишнома ва саҳнаи онро таҳия ва пешниҳод карда буданд. Стандарт ҳамин буд”, - шарҳ дод Саидов.
Яке аз нафароне, ки тавонистааст намоишномаи “Қисмат”-ро тамошо кунад, гуфт, ки спектакл дар сатҳи баланд ба саҳна гузошта шуда, мавзӯи он “тарбияи фарзанд ва таъсири бади нашъамандӣ буд”.
Имрӯз, 2-юми май, соати 17:30, ҳаводорони театр метавонанд дар Театри давлатии академии опера ва балет намоишномаи “Горбун из Нотрдама”-ро тамошо кунанд.
Мирзоолим Саидов гуфт, ки ин намоишномаро метавонанд беш аз 500 нафар тамошо кунанд ва чунин имкон фароҳам оварда шудааст.
Бояд таъкид кард, ки имсол дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту - 2023” 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.
Ин фестивал то рӯзи 4-уми май идома карда, шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ҷамъбастии ҷашнвора баргузор мегардад.
Вокуниши Омбудсмен ба қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад чор кӯдакашро ба дарё андохтааст
Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон мавсими навро дар “Сипоҳон”-и Эрон оғоз мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Аннабагардан, қисми 3
Пешсаф шуд. Чин бори аввал ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт
Муҳоҷиронро ба пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ зимни вуруд ба Русия уҳдадор мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 июли соли 2025
Ваъдаи Доналд Трамп дар бораи фиристодани силоҳи "пешрафта" ба Украина ва интиқоди ӯ аз Владимир Путин
Ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст
Натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо кай маълум мешавад?
Дар ним сол беш аз 761 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон омадаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста