Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, шаби гузашта, 5-уми июн, бар асари бемории саратони ғадуди зери меъда дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, нависанда дар сесолаи ахир аз ин беморӣ ранҷ мекашид ва табобат мегирифт, наздики соати 22:00 дар хонааш аз олам чашм пӯшид. Ӯ 77 сол дошт.
Маросими видоъи Саттор Турсун имрӯз, соати 12:00 дар назди хонааш, кӯчаи Асадулло Ғуломов 3 (рӯбарӯи “Автовакзал”), баргузор шуда, соати 13:00 дар Масҷиди марказии пойтахт ҷаноза мешавад.
Ин Нависандаи халқии Тоҷикистонро дар Оромгоҳи Лучоб ба хок месупоранд.
Аҳли қаламу адаб даргузашти Саттор Турсунро талафоти бузург дар ҷомаеи адаби Тоҷикистон унвон карда, саҳми ӯро дар адабиёти тоҷик беназир медонанд.
Саттор Турсун 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дар оилаи деҳқон дида ба олам кушода буд.

Соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистонро хатм кард. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуда, муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кард.
Солҳои 1990-1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.
Соли 1993 аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд.
Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.
Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои «Камони Рустам», «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976-1977)», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот» маъруф аст. Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст. Худи ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои адибони шинохтае чун Лев Толстой, Ҷек Лондон, Андрей Упит, Грант Матевосян дасти расо дорад.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад. Соли 1994 нависанда Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1998 Нависандаи халқии Тоҷикистон гардид, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони нависанда ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам
Иммунизатсия ва сифати ҳаёт
Шаҳрвандии фахрӣ барои 4 нафар ва грант барои 40 зани ҳунарманд. Рӯзи шаҳри Хуҷанд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Моҳи август дар Тоҷикистон болоравии босуръати нархҳо ба қайд гирифта шуд
Ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов дар садамаи нақлиёт
“Мубориза бо рафтори зидди ислом”. Додгоҳи Суғд як сокини Исфараро ба 13 соли зиндон маҳкум кард
Чаро маҳдудиятҳо ба содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дахл карда наметавонанд?
Додситони кулли Тоҷикистон дар Испания дастгир ва истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ кардааст
Соли 2023 дар Тоҷикистон 5,5% болоравии нарху тарифҳо дар назар аст
Додгоҳе дар Маскав як зодаи Тоҷикистонро барои саркашӣ аз сафарбаркунӣ 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста