Дар Русия чанде пеш хуруҷи шахсоне, ки даъватномаи хидмати ҳарбиро гирифтаанд, манъ шуд. Миёни онҳо тоҷикистониёни дорои душаҳрвандӣ низ ҳузур доранд.

Чӣ гап шуд?

Мувофиқи тағйироти дар моҳи апрел қабулшуда, қаламрави Русияро тарк кардани шахсоне, ки даъватнома барои хидмати ҳарбӣ гирифтаанд, манъ аст. Миёни онҳо тоҷикистониёни дорои душаҳрвандӣ низ ҳузур доранд, ки дар сомонаи “Госуслуги” даъватномаи ҳарбӣ гирифтаанд.

Бархе аз тоҷикистониён аллакай бо ҳолатҳои ин гуна манъкунӣ дучор шудаанд.

“Ба ман даъватнома фиристода, хабар доданд, ки акнун ман ҳуқуқ надорам, ки қаламрави Русияро тарк кунам. Тавсия доданд, ки барои дарёфти маълумоти муфассал ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат кунам”, - гуфтааст ба Радиои Озодӣ як тоҷикистонии муқими Русия бидуни ифшои ному насаб.

Аз рӯи кадом асос?

Моҳи апрел ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуда, мувофиқи он, ба шахсоне, ки шаҳрвандии Русия доранд ва даъватнома гирифтаанд, тарки қаламрави Русия манъ мешавад.

Баромадан аз қаламрав аз рӯзи супурда дониста шудани даъватнома то ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ манъ мешавад.

Барои бекор намудани манъи хориҷ шудан, аз болои даъватнома шикоят бурдан лозим аст
Сурат: ТАСС

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироти чанде пеш ба қонун “Дар бораи хуруҷ аз Русия ва вуруд ба Русия” қабулшуда, шахсоне, ки ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват мешаванд, бояд шиносномаҳои хориҷии худро  барои нигаҳдорӣ ба шуъбаи муҳоҷирати ВКД ё Маркази бисёрсоҳавӣ (МФЦ) супоранд.

Барои супоридани шиноснома аз замони қабули қарор дар бораи даъват аз ҷониби комиссияи дахлдор панҷ рӯз вақт дода мешавад. Шиносномаро пас аз адои хидмат бозпас гирифтан мумкин аст.

Агар шиноснома дар муҳлати муқарраршуда барои нигаҳдорӣ супурда нашавад, он беэтибор дониста мешавад.

Ман ду шаҳрвандӣ дорам. Ин манъкунӣ ба ман ҳам дахл карда метавонад?

Агар шумо дорои душаҳрвандӣ ҳастеду ҳамзамон доимо дар Русия зиндагӣ мекунед ва ҷойи қайд доред, шуморо метавонанд даъват кунанд. Аз рӯи қонун шуморо метавонанд ба хидмат даъват кунанд ва сафаратон ба хориҷаро маҳдуд созанд.

Дар сурате, ки агар шумо душаҳрвандӣ дошта бошеду лекин доимо дар Русия зиндагӣ намекунед, ё умуман шаҳрвандии Русияро надоред, пас дар ин ҳолат ба даъвати шумо ҳуқуқ надоранд, ин риоя нашудани қонунгузории байнулмилалӣ дониста мешавад, шарҳ дод ба “Азия-Плюс” ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов.

Ғайр аз ин, дар ин ҳолат онҳо наметавонанд ҳаракати шумори дар ҳудуди қаламрав низ манъ кунанд: “Шарту асосҳои маҳдуд кардани хуруҷи шаҳрвандони ҶТ тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон дақиқан танзим шудаанд. Муносибат ё тафсири дигар дар бораи суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, инчунин зуҳуроти бесалоҳиятӣ аз ҷониби шахси мансабдор шаҳодат медиҳад”.

Ман даъватнома гирифтам. Чӣ қадар вақт дорам, ки барои тарк кардани кишвар фурсат ёбам?

Манъи хориҷ шудан аз Русия, аз ҷумла ба Тоҷикистон дарҳол пас аз супурдани даъватнома амал мекунад.

Дарҳол пас аз гирифтани даъватнома хориҷ гардидани шумо манъ мешавад
Сурат: РБК

Аз куҷо фаҳмидан мумкин аст, ки хориҷ шудани ман манъ аст?

Дарҳол пас аз супурдани даъватнома хориҷ гардидани шумо манъ мешавад. Даъватномаро шахсан супорида метавонанд, аз ҷумла дар ҷойи кор, тариқи почта бо мактуби фармоишӣ, инчунин дар шакли электронӣ тавассути “Госуслуги”.

Ман дар “Госуслуги” аккаунт дорам, аммо паролро фаромӯш кардаам, аккаунти худро боз намекунам.

Даъватнома дарҳол пас аз ҷойгир шуданаш дар сомона супурдашуда дониста мешавад, ҳатто агар шумо онро надида бошед ё сомона (замима)-ро накушода бошед.

Қатъ кардан (хориҷ кардан)-и акканут дар “Госуслуги” кумак мекунад?

Моҳиятан, ёрӣ расонида метавонад.

Ба ҷуз “Госуслуги”, боз рӯйхати рақамии даъватномаҳо таҳия мешавад. Агар шумо дар “Госуслуги” аккаунт надошта бошед, даъватномаҳо дар ин рӯйхат ҷойгир карда мешаванд. Лекин рӯйхати рақамии мазкур ҳоло таҳия нашудааст.

Аз болои манъи хориҷ шуданам шикоят бурда метавонам?

Барои бекор намудани манъи хориҷ шудан, аз болои даъватнома шикоят бурдан лозим аст. Ин корро дар муддати панҷ рӯз дар “Госуслуги” ё дар муддати ҳафт рӯз тариқи Маркази бисёрсоҳавӣ анҷом додан имкон дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед