Зафар Мирзоён, донишманди маъруфи тоҷик, субҳи имрӯз, 7-уми июн, дар синни 74 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ӯ зодаи ноҳияи Ховалинг буд ва дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба ҳайси мушовири ректор фаъолият мекард.

Зафар Мирзоёнро пас аз намози пешин дар масҷиди марказии ноҳияи Ховалинг ҷаноза ва дар зодгоҳаш ба хок месупоранд.

Ӯ 5-уми майи соли 1949 таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1972 факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст. Солҳои дароз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият дошт.

Зафар Мирзоён муҳаққиқи рӯзгор ва осори Фирдавсӣ буд ва беш аз 10 сол роҳбари маҳфили "Шоҳономахонӣ"-ро ба зимма дошт. 

 Ҳамзамон, солҳои 2010-2015 дар кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни факулта пиромуни мавзӯъҳои “Баёни андеша бо забони тоҷикӣ”, “Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир” дарс додааст. Ӯ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон беш аз 500 мақолаи илмиву публитсистӣ нашр кардааст.

Андешаҳои ӯ то ҳол дар 3 китоб бо унвонҳои “Ҷашни Наврӯз - омили худогоҳии миллии тоҷикон” (Душанбе, 2013), “Ниёиши некон ва покон” (Душанбе, 2014) ва “Худовандагори сухани порсӣ” (Душанбе, 2015) ба табъ расонидааст.

Ӯ ҳамчунин раиси бахши минтақаи Кӯлоби Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.