Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон таъин гардидааст. Дар ин бора Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, "Эшони Сайидмутаҳҳар Эсомиддинзода солҳо имомхати масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара буд ва аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид".

Ӯ дар хусуси таҳсилоти динии имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон мушаххасан чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки "ӯ дониши хуби динӣ ва истеъдоди суханварӣ" дорад.

Қаблан аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Данғара буд ва чанде пештар дар мувофиқа бо ин ниҳод ва бо қарори ҳайати хатибон имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон таъин гардидааст.

“Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода аз рӯи дониш, тақво ва камоли одобу ахлоқаш бо қарори ҳайати хатибон ва дар мувофиқа бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим сархатиби масҷиди ҷомеи нави Душанбе таъйин гардидааст”, - гуфт манбаи мо.

Маврид ба зикр аст, ки ин масҷид дирӯз бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ гардид.

Масҷиди нав ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит гузошта шуд.

Дар бораи масҷид ва маросими ифтитоҳи он муфасаал дар матлаби “Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.