Имрӯз, 14-уми июн, дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба 41 нафар хатмкардагони афғоне, ки дар мактаби “Сомониён” шаҳри Душанбе таҳсилро ба анҷом расониданд, аттестати хатм супорида шуд. Онҳо таҳсили худро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон идома медиҳанд.

Аз ин теъдод 13 нафар духтар ва 28 нафари дигар писароне мебошанд, ки 12 сол дар ин мактаб таҳсил кардаанд.

Ба хатмкунандагон аттестатҳоро Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ эҳдо кард.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар зимни суханрониаш гуфт, имрӯз гурӯҳи ғаддори Толибон* дар Афғонистон ҳоким гардидаанд ва ҳама ҳаққу ҳуқуқи занон, мардон ва ҳама қавмиятҳоро нақз мекунанд.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

“Ин муллоҳои нохонда бо ислом чӣ мехоҳанд, аз занони афғон чӣ мехоҳанд, аз ақвоми гуногун чӣ мехоҳанд, ман намефаҳмам. Вале ин маросими барпокардаи мо ҳамраъйӣ бо мардуми афғон аст. Имрӯз мо бар зидди ақоиди Толибон боз ҳам нишон медиҳем, ки рӯҳияи муқовимат шикаст нахӯрдааст ва ба ҳуқуқи занон дар ин сӯи Ому арҷ гузошта мешавад”, - афзуд Зоҳири Ағбар.

Ноҷия Зоҳир, директори мактаби “Сомониён” дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” баргузории маросими ботантанаро ҳамраъйӣ бо мардуми афғон гуфта, таъкид кард, ки “бар хилофи он ки имрӯз аксари фарзандони мардуми Афғонистон аз таҳсил маҳруманд ва духтарон дар хонаҳо зиндонӣ шудаанд, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тасмим гирифт, ки боз ҳам аттестатҳоро дар маросими тантанавӣ тақдим кунад”.

Ноҷия Зоҳир, директори мактаби “Сомониён”
Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи Ноҷия Зоҳир, ҳоло ҳамаи хатмкунандагон нақша доранд, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил кунанд ва аз ҷониби ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 50 бурсия (квота) ҳам барои он ҷудо шудааст.

Бояд гуфт, ки ин 22-юмин маросими эҳдои аттестати хатм ба фориғуттаҳсилони мактаби вижаи афғонии “Сомониён” дар Душанбе аст. Ин мактаб аз соли 2005 дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ва фарзандони муҳоҷирони афғон дар он таҳсил менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби ҳукумат дар Афғонистон таҳсили духтарон дар ин кишвар манъ карда шуд ва бар илова, ҳафтаи гузашта намояндагони сарпарасти Вазорати таҳсилоти олии Толибон ин дафъа ба духтарони хатмкардаи донишгоҳҳои давлатӣ иҷоза надодааст, ки дипломҳояшонро бигиранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.