Акбар Адҳамов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика ва фарзанди нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон, академик Акобир Адҳамов дар синни 67-солагӣ дар пайи беморие, ки дошт дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздикони марҳум хабар доданд.
Акбар Адҳамов солҳои охир дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард ва яке аз мутахассисони хуби соҳаи физикаи назариявӣ ба ҳисоб мерафт.
Марҳум соли 1955 дар оилаи физикдони шинохтаи тоҷик ва нахустин директори Институти физика ва техникаи Тоҷикистон Акобир Адҳамов дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Акбар Адҳамов соли 1978 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм карда, ҳамчун коромӯз ва аспиранти шуъбаи назарияи тазоҳуроти плазмавии Институти физика ба номи П.Н. Лебедеви Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав, ҳамзамон дар Иснтитути физика ва техникаи ба номи Султон Умаров ба ҳайси корманди Озмоишгоҳи физикаи криогеннӣ ва баъдан ҳамчун корманди калони илмии ин озмоишгоҳ то соли 2014 кор кардааст.
Ӯ соли 1987 дар Институти физикаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рисолаи номзадӣ ва соли 2002 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкилоти ҷамиятии «ЦИФРА» кушодааст.
Ӯро яке аз аввалин ташкилкунандагони мактаби техологияи итттилоотӣ дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон медонанд.
Аз соли 2011 ин тараф блогҳо ва чандин гурӯҳро бахшида ба пешрафти илм ва техника ва ҳамчунин тиб дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бар уҳда дошт. Ҳамчунин, ин гуруҳҳо хазинаи бузургу бебаҳои аксҳои физикдонҳои шӯравии тоҷик ва Институти физикаю техникаро доранд.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста