Қаблан гирифтани маълумотнома оид ба доғи судӣ доштан ё надоштан ташвиши зиёд дошт. Навбатпоии тӯлонӣ боиси шикоятҳои зиёд мегардид ва ин масъала дар нишастҳои матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар борҳо зикр гардида буд.

Агар қаблан хидматчиёни давлатӣ, табибон ва омӯзгорон танҳо ҳангоми ба кор даромадан маълумотнома (справка) дар бораи доғи судӣ надоштанро пешниҳод мекарданд, пас ҳоло тақрибан як сол мешавад, ки чунин маълумотнома мунтазам, аз ҷумла аз мутахассисони дорои собиқаи кории зиёд, сарфи назар аз собиқаи корӣ талаб карда мешавад.

Ин таҷриба имкон медиҳад, ки таърихи судии кормандон ҷиддитар назорат шуда, маълум карда шавад, ки оё ба онҳо вазифаи муайянро бовар кардан ва ба онҳо умед бастан мумкин аст ё не.

Лекин ҷорӣ намудани чунин талабот душворихои зиёдеро ба бор овард. Шумораи зиёди одамоне, ки хоҳиши гирифтани маълумотномаро доранд, аввалан ба ҷамъшавии зиёди мардум ва сипас бесарусомониҳо дар ҳамаи воҳидҳои маркази иттилотии ВКД-и ҷумҳурӣ боис гардид.

Он замон дар ВКД ҳам барои қабул ва ҳам барои додани ҳуҷҷатҳо танҳо як «тиреза» кор мекард. Навбати серодам ва инчунин интизории тӯлонӣ имкон намедод, ки маълумотнома бароҳат ва саривақт гирифта шавад. Бо вуҷуди аз 3 то 10 рӯзи корӣ эълон шудани мӯҳлати пешакии интизории маълумотнома, бинобар сарусадо ва бесарусомониҳо, интизорӣ метавонист то 20 ва ҳатто 30 рӯз давом кунад.

Чанде пеш хабарнигори “Азия-Плюс” тасмим гирифт бори дигар бубинад, ки айни замон гирифтани маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан чӣ гуна ҷараён мегирад.

“Пеш бадтар буд”

Муҳлати амали маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан хеле кам - ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад. Ин ба ҷамъшавӣ ва навбатпоиҳои зиёди шахсоне боис мегардад, ки бояд онро ҳар ним сол нав кунанд.

Барои тезтар кардани ин ҷараён акнун дар ВКД ду нуқтаи ҷудогона - барои қабул ва додани ҳуҷҷатҳо кор мекунад. Ба ин тариқ, агар шумо барои гирифтани маълумотномаи аллакай тайёр омада бошед, пас шуморо дигар лозим нест, ки бо дигарон дар навбат истед. Барои шумо акнун “тиреза”-и алоҳида кор мекунад. Ин ба тезтар гирифтани маълумотнома мусоидат кард.

Сурат: Asia-Plus

Худи ҷараёни интизориро ҳам акнун бароҳаттар паси сар кардан мумкин аст: дар ҳуҷра зарфи оби нӯшокӣ (кулер), кондитсионер ва курсиҳои бароҳат гузошта шудаанд. Пештар ҳатто ин чизҳои гӯё на он қадр зарур ҳам набуданд.

“Пеш бадтар буд. Акнун ҷараён тезтар сурат мегирад, навбат риоя мешавад. Маълумотномаро бо чек медиҳанд, ҳамааш аз рӯи қонун. Пештар интизорӣ тӯлонӣ буд, дар гармиву сардӣ одамони бисёре зери фазои кушод меистоданд”, - гуфтааст таассуроти худро яке аз шахсоне, ки маълумотнома мегирифт.

Барои ӯ маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан барои гирифтани раводид (виза) лозим будааст. Ба гуфтаи вай, нисбат ба мақомоти давлатӣ, гирифтани маълумотнома барои сафоратхонаҳо душвортар аст. Ин ба он вобаста аст, ки сафоратхона маълумотномаро танҳо аз дафтари кории марказии ВКД талаб мекунанд, ки барои сокинони берун аз пойтахт мушкилӣ эҷод мекунад, зеро ба онҳо лозим меояд, ки ба пойтахт раванд.

Дар ҳаминҳол, махзан (база)-и иттилоотии ВКД якто аст ва барои гирифтани маълумотнома ба як дафтари кории муайян рафтан шояд лозим набошад? Лекин талаботи сафоратхонаҳо чунин аст ва ин ҷо чизе гуфтан душвор аст.

Сурат: Asia-Plus

Нархаш чӣ қадар аст?

Дар ҳамин ҳол, барои сабуктар кардани кори идораи марказии ВКД, айни замон ҷиҳати ташкили Маркази иттилоотӣ дар бинои РКД дар шаҳри Душанбе, ки айни замон сохта мешавад, корҳо ҷараён доранд ва имкон пайдо мешавад, ки аз он ҷо маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштанро дастрас намуд.

Дар зарфи 1 сол боз чӣ тағйир ёфт?

Илова бар кам шудани вақти интизорӣ, дар мавриди мубориза бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ корҳо анҷом дода шуданд ва ҳоло дар варақаҳои маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан аломатҳои муҳофизатӣ ва муҳри махсус гузошта шудаанд, ки бидуни онҳо маълумотнома беэътибор дониста мешавад. Ҳамзамон, аз маълумотномаҳои пешина хавотир шудан лозим нест -  эътибори онҳо боқӣ мемонад. Ин танҳо як навовариесту халос.

Акнун дар бораи нарх. Маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан 50 сомонӣ (дар муҳлати 3 рӯзи корӣ додан) ва 30 сомонӣ (дар муҳлати 10 рӯзи корӣ додан) нарх доранд.

Сурат: Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 1 август барои пардохти хидматрасониҳои давлатӣ пули нақд қабул карда намешавад. Аз ин рӯ, дар ҳуҷраи интизорӣ терминалҳо оид ба қабули пардохти хидматрасониҳо дар шакли ғайринақдӣ гузошта шудаанд.

... Ба ин тариқ, мо фаҳмидем, ки мушкили асосӣ дар гирифтани маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан - ин талаби ба идораи марказии ВКД рафтани сафоратхонаҳо мебошад, ки метавонад ба талафи зиёди вақту пул боис гардад. Худи ҷараёни гирифтани маълумотномаи зарурӣ аз ҳисоби кам кардани вақти интизорӣ дар навбат, инчунин фароҳам овардани шароит хеле осонтар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.