Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 24 сентябр дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кўчаи Сирдарё ба сохтмони Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” санги асос гузошта шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, иншоот ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати ҳукумат оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бунёд карда мешавад.

“Баъди истифодадиҳӣ дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1000 нафар варзишгар ба машқу тамрин фаро гирифта мешавад, - омадааст дар хабар. - Тамоми иншоот дар асоси талаботи замони муосир бунёд мегардад”.

Сурат: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Гуфта мешавад, маҷмаа дорои толорҳои варзишии бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси вилоята ба бинокорон ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди ҳудуди Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд дастуру супоришҳо дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.