Омӯзиши Eurasiadoc барои муаллифон — коргардонҳои Қазокистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки филмҳои хуҷҷатӣ-эҷодӣ таҳия мекунанд, пешбинӣ шудааст.
Дар ин омӯзиш танҳо шаш нафар интихоб мегардад. Омӯзиш ройгон аст ва ба иштирокчиён хӯроки нисфирузӣ дода мешавад. Хароҷоти дигар - роҳкиро ва ҷои зистро иштирокчиён пардохт мекунанд.
Дар Тоҷикистон чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад (санаи оғози омӯзиш рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд).
Омӯзиш дар чанд марҳила ташкил карда мешавад: давраи муоширати онлайн байни муаллифони интихобшуда ва давраи корӣ, тақрибан дар давоми 2 ҳафта ва кори онлайнӣ бо кураторон барои дастгирии минбаъда.
Забони корӣ забони давлатии кишвар ё русӣ хоҳад буд. Кураторон бо забони фаронсавӣ ба воситаи тарҷумон кор хоҳанд кард. Шояд забони англисӣ ва забони русӣ низ ҳамчун забони корӣ истифода бурда шаванд. Донистани забони англисӣ ба хотири ҳамкорӣ дар соҳаи филмсозӣ ва вохӯриҳои баёналмиллалӣ дар оянда талаб карда мешавад.
Мақсад аз баргузории омӯзиш ин дастгирии муаллифон дар таҳияи лоиҳаи филмҳо мебошад, ки дар натиҷа онҳо соҳиби маҳорат ва малакаи навиштани як ҳуҷҷат мешаванд.
Пас аз анҷоми омӯзиш чанд нафар бо мақсади даъват ба вохуриҳои байналмиллалӣ дар соҳаи истеҳсоли муштараки филмҳо, ки соли 2024 дар Казоқистон баргузор мегардад, даъват мешаванд. Мулоқотҳои байналмилалӣ ба эҷодкорони интихобшуда ҷиҳати муаррифии шифоҳии лоиҳаи худ, шиносоӣ бо коргардонҳои сершумор, муҳаррирони комиссияҳои телевизионӣ ва намояндагони фондҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоӣ ва истеҳмолу маблағгузории якҷояи лоиҳа имконият фароҳам меорад.
Барои пешниҳоди номзадии худ варқаи замимашударо бо забони англисӣ ё фаронсавӣ пур кунед ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостшударо замима намоед.
Агар барои пешниҳоди номзадӣ мушкилии техникӣ пайдо шавад ба почтаи зерин метавонед муроҷиат намоед: [email protected]
Меъёри асосии интихоб сифати лоиҳаи филм, имкони таҳияи он чун филми мустанади эҷодӣ мебошад.
Муҳлати пешниҳоди номзадӣ то 5-уми ноябри 2023.
Барои ҳамаи саволҳо метавонед инҷо муроҷиат кунед: [email protected]
Линк барои сабти ном: https://docs.google.com/.../1FAIpQLScv8S5x98TzDN.../viewform
26 шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи Қазоқистон аз сардӣ наҷот доданд
Марги 3 узви 1 хонавода аз дуди ангишт дар Душанбе
Ду рӯзи наздик ҳавои сард ва борону барф дар назар аст
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста