Ба идораи “Азия-Плюс” бо савол муроҷиат карданд, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия зиндагӣ дошта бошад, аз куҷо маълумотнома (справка) дар бораи доғи судӣ надоштанро гирифта метавонад. Ба гуфтаи саволдиҳанда, консулгариҳои Тоҷикистон додани маълумотномаҳоро дар бораи доғи судӣ надоштан қатъ кардаанд.
Вақте ки шумо дар қаламрави Тоҷикистон қарор доред, маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштанро аз ҳамаи воҳидҳои маркази итттилооти ВКД-и ҷумҳурӣ гирифтан мумкин аст.
Айни замон зарурати гирифтани маълумотнома аз дафтари кории марказии ВКД дар Душанбе танҳо аз ҷониби сафоратҳо - барои додани раводид талаб карда мешавад.
Қаблан “Азия-Плюс” дар бораи ҷараёни дастрас намудани маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан мавод нашр карда, дар он зикр гардида буд, ки ҳозир ин ҷараён тезтар ва бештар бароҳату қулай шудааст.
Лекин агар дар хориҷи кишвар қарор дошта бошед, пас дар куҷо ва то чӣ андоза бароҳат ва қулай ин маълумотномро метавон дастрас кард?
“Азия-Плюс” ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат карда, пурсид, ки Консулгариҳои генералӣ ба додани маълумотномаҳо дар бораи доғи судӣ надоштан идома медиҳанд ё он қатъ шудааст?
Ба гуфтаи намояндаи ВКХ, консулгариҳо ба додани чунин маълумотномаҳо идома дода, қатъ кардани онро дар нақша надоранд.
Бо чунин савол “Азия-Плюс” ба қисми навбатдории ВКД муроҷиат намуд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷуз Консулгариҳои генералӣ, маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштанро дар намояндагиҳои ВКД Тоҷикистон дар Русия низ гирифтан мумкин аст.




