Лоиҳаи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Рушди Байналмилалӣ (USAID) оид ба “Устуворсозиии низоми маҳаллии тандурустӣ” (LHSS) дар доираи Ташаббуси COVID-19 дар Тоҷикистон, ки аз соли 2020 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вокуниши фаврии низоми тандурустӣ дар мубориза бар зидди COVID – 19 тавассути чораҳои пешгирӣ, ошкор ва вокуниш ба сироят амалӣ карда мешавад.
Лоиҳа Нақшаи омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 (CPRP) ва Нақшаи миллии иммунизация зидди COID-19 (NDVP)-ро бомуваффақият амалӣ намуд. Тамоми кӯшишҳои лоиҳа ба устуворсозии низоми тандурустӣ тавассути таҳкими кори лабораторияҳо бо таъмини таҷҳизоти технологӣ ва баланд бардоштани иқтидори кормандон, инчунин беҳтар намудани чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо, баланд бардоштани тадбирҳои бехатарии биологӣ, ҷорӣ намудани идоракунии сифат ва низоми расонидани кумаки техникӣ барои баланд бардоштани фарогирии аҳолӣ алайҳи COVID-19 нигаронида шудаанд.
Соли 2018 дар Ассамблеяи 71-уми Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, вакилони кишварҳо тасмим гирифтанд, ки паҳншавии технологияҳои рақамӣ ва таҳияи технологияҳои навро барои тандурустӣ, аз ҷумла иммунизатсия афзоиш диҳанд.
Рақамикунонӣ иқтидори бузургро барои беҳтар кардани қабули ваксина пешниҳод мекунад ва эҳтиёҷоти хидматрасонии самараноки иммунизатсияи дар давоми ҳаётро дастгирӣ мекунад.
Ваксинаҳо - яке аз воситаҳои муассири пешгирикунандаи ибтидоӣ барои пешбурди саломатии инфиродӣ ва ҷамъиятӣ ҳисобида мешаванд, ки барои коҳиши шадиди сарбории бемориҳои сироятӣ ва фавт вобаста ба он дар саросари ҷаҳон масъул ҳастанд.
Мувофиқи эъломияи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), тандурустии электронӣ ва соҳаи тандурустии рақамӣ, ки ҳамчун “воситаи истифодаи камхарҷ ва бехатари технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар дастгирии соҳаи тандурустӣ ва соҳаҳои саломатӣ” муайян карда шудааст, захираи муҳим барои расидан ба ҳадаф мебошад.
Хусусан ин мафҳум дуруст аст, зеро соҳаи тандурустии рақамӣ солҳои охир дар тамоми ҷаҳон аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ рушд карда, равандҳои ҷамъоварӣ, паҳн кардан ва истифодаи иттилооти саломатӣ дар байни хадамотҳои хизматрасонии тиббӣ, шаҳрвандон ва васоити ахбори оммаро тағйир дода истодааст. Ба шарофати гуногунрангӣ ва табиати пайваста инкишофёбанда, технологияҳои рақамиро барои дастгирии маъракаҳои иммунизатсия дар марҳилаҳои муҳим истифода бурдан мумкин аст: барои мисол баҳри мубориза бо маълумоти нодуруст ва дудилагии аҳолӣ дар маъракаҳои баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ ва татбиқи барномаи милли иммунизатсия, ҳамчунин назорат ва мониторинги фарогирии иммунизатсияи аҳолӣ.
Солҳои охир, барномаҳои иммунизатсия ҷузъҳои технологияҳои рақамиро дар бар мегиранд, ки аз ҷониби худ натиҷаҳои умедбахш доранд.
Бо мақсади ба танзим даровардан ва назорат бурдан аз рўи ҳисоботи ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионии зидди сирояти нави COVID-19, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” тасмим гирифт, ки барномаи “1С муҳосибӣ”-ро дар анборҳои Маркази иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ворид намояд. Ҷорӣ намудани барномаи электронии “1С муҳосибӣ” ба кормандони марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ имконият дод, ки ба таври доимӣ гардиши ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсиониро дар анборҳои худ назорат кунанд ва ба норасогиҳо роҳ надиҳанд, инчунин саривақт ҳисоботро ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” пешниҳод намоянд.
Бо дастгирии Лоиҳаи Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ чунин имконият пайдо шуд ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” баҳри таҳкими низоми назорати ваксинаҳо як қатор чорабиниҳо гузаронида шудаанд:
- ҷалби мутахассисон дар таҳияи нармафзори баҳисобгирии муҳосибӣ барои эҷоди системаи ҷамъоварии маълумот баҳри беҳтар кардани таҳлили маълумоти омӯзиши ваксинаҳои COVID-19 бо истифода аз низоми ахборотии тандурустии маҳаллӣ (DHIS2).
- дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ баланд бардоштани иқтидори кормандони марказҳои иммунопрофилактикиаи шаҳру ноҳияҳо оид ба идоракунии саривақтии таъминоти ваксина, аз ҷумла модули анбор ва таъмин намудани МИП бо воситаи идоракунии занҷираи таъминот тавассути татбиқи 1С “Тибб - дорухонаи беморхона”.
- дар умум 23 корманди Марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд аз омӯзиш оид ба истифодабарии заҳираҳои глобалӣ баҳри навсозиҳои саривақтии маълумот оид ба ваксинатсияи зидди COVID-19 гузаштанд ва алҳол донишҳои гирифтаро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ амалӣ намуда истодаанд.
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
8 сабаби асосии ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста