Дар соли 2023 91 блогери тоҷик ба буҷети кишвар 2,5 млн сомонӣ андоз ё молиёт пардохт кардаанд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,2 млн сомонӣ бештар аст. Дар ин бора рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистогн иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои ин расона, ҳоло 91 блогер худро дар мақомоти андоз ба қайд гирифта, соли гузашта 33,5 млн сомонӣ даромад ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022 3,8 млн сомонӣ бештар аст.
Манбаъ гуфт, бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар соли 2023 дар фаъолияти 37 блогер 764,5 ҳазор сомонӣ напардохтани андоз ҳисоб шуда, аз ин маблағ 567,9 ҳазори он ба буҷет баргардонида шуд.
Ин ниҳод афзудааст, “теъдоди блогерҳо ё шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодаанд”.
Кумитаи андоз гуфтааст, блогерон аз корманди кироя ҳам истифода мекунанд ва танҳо “дар соли 2023 аз ҳисоби истифодаи меҳнати кироя дар эъломияҳои андоз шумораи кормандони кирояро 94 нафар ва фонди музди меҳнати ба онҳо пардохтшавандаро, дар маҷмуъ, 1505,4 ҳазор сомонӣ дарҷ намудаанд, ки ба ҳисоби миёна ба як корманд 1335 сомонӣ рост меояд”.
Мутахассисони мақомоти андоз гуфтаанд, ки барои бақайдгирӣ ва ба андозбанӣ ҷалб кардани блогерҳо як қатор корҳо кардаанд.
“Аз ҷумла бо роҳи даъвати онҳо ба мақомоти андоз бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳиву машваратӣ ва ирсоли огоҳиномаҳо ба суроғаи онҳо, чанде аз субъектҳои соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ ва пахши видеоҳо машғул буданд, ба қайди давлатӣ гирифта шуданд”, - зикр кардааст Кумитаи андоз.
Соли 2022-юм 60 блогери тоҷик 29,7 млн.сомонӣ даромад ба даст оварда, ба буҷаи давлат 1 млн 359 ҳазору 700 сомонӣ андоз пардохт карда буданд.
Дар шаш моҳи соли 2023 блогерони тоҷик аз 10 млн сомонии бадастовардаашон 1,2 млн сомонӣ ба буҷет андоз супорида буданд.
Қобили зикр аст, ки бақайдгирии блогерон дар мақомоти андози Тоҷикистон аз соли 2020 оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.
Он замон як масъули Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд.
“Шахсоне, ки бо кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд андоз пардохт намоянд”, - гуфта буд ӯ.
Ҳамин тариқ, бо гузашти чанд вақт мақомоти андоз рӯйхати чанде аз блогеронро нашр кард, ки бидуни қайд ба фаъолияти блогерӣ машғуланд ва аз онҳо талаб кард, ки худро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд ва аз даромадиашон ба буҷети кишвар андоз пардохт кунанд. Вале худи блогерон мегуфтанд, ки онҳо даромади зиёд ба даст намеоранд ва ҳоҷат ба андозбандӣ нест.
Баҳси андозбандии блогерон чанд сол аст идома дорад. Тобистони соли гузашта як вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рудакӣ тарҳи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти блогерӣ”-ро дар “Фейсбук” барои муҳокима ҷой дод, ки он ба бархӯрди тунди корбарон рӯбарӯ шуд. Мухолифони ин тарҳ гуфтанд, зарурати қабули ин қонун нест, чун блогериро қонунҳои дигар аллакай танзим мекунанд.
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Аз Театри миллӣ то чанд вазоратхона. Миллионҳо сомонии иловагии ҳукумат барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе дар робита ба либоси бегона
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста