Вақте сухан доир ба рӯзаву рӯзадорӣ ҳамчун мафҳуми диниву фарҳангӣ меравад, сарраввал бояд бидонем ва таҳаммул кунем, ки рӯза дар тамоми дин ва фарҳангҳои дунё вучуд дорад.
Тавре, ки диншинос Рустам Азизӣ изҳор медорад, бо вуҷуди баъзе аз фарқиятҳо ва вижагиҳо ба таври умум худи мафҳуми рӯза барои бештари динҳо ва фарҳангҳо хос аст. Ӯ мегуяд, аз нигоҳи диншиносӣ мафҳуми рӯза ин манъ ё маҳдудиятҳои муваққатӣ аз истеъмоли хӯрок ба таври умум ё баъзе хӯрданиву нушокиҳо ё ин ки парҳез ва иҷтиноъ аз анҷом додани баъзе аз амалҳо аст. Вале агар ба аҳкоми рӯзадорӣ дар динҳои гуногун назар кунем, рӯзадорӣ ҳатто дар ҷомеаҳои хеле содда, ки ҳанӯз ба марҳилаи тамаддун нарасидаанд, низ будааст. Ба мисли қабилаҳои амрикоӣ ва африқоии бумӣ. Агар дар мисоли динҳо гирем дар буддоия, масеҳият, ислом, яҳудия, индуизм ва динҳои дигар ҳам рӯза вуҷуд дорад, вале шаклҳои он на танҳо байни динҳо, балки дар дохили равияҳои як дини муайян низ фарқ мекунад.
Буддоия
Дар буддоия ва ҳиндуия намудҳои зиёди рӯзадорӣ аст, вале вақт ё ки муддати муайян надоранд ва бештар ихтиёрӣ аст. Бештар аз ҷониби роҳибон ё афроде, ки ба риёзатҳои динӣ машғуланд риоя мешавад. Ҳатто баъзе аз роҳибон метавонанд тамоми умр рӯзадор бошанд. Аз нигоҳи буддоия ҳадафи аслии парҳезҳои гуногун аз ҷумла рӯзадорӣ ин бештар шинохтани худ ва дур шудан аз олами моддӣ аст.

Зардуштия ва Монавия
Дар динҳои Эрони бостон бошад, мафҳуми рӯзаву рӯзадорӣ буд, вале вижагии аҷибе дошт. Масалан дар оини зардуштӣ гирифтани рӯза ин амали нописанд аст, зеро давоми рӯз бидуни ғизо бадани инсон суст ва бар зидди Аҳриман заиф мегардад. Онҳо рӯзҳои 2, 12,14 ва 21-уми ҳар моҳ, яъне дар рӯзҳои махсус аз хӯрдани гӯшт худдорӣ мекунанд. Аз ин ҷиҳат, нахӯрдани ғизо ва парҳезу дурӣ аз корҳои дунё ва фаъол набудан дар муборизаи некиву бадӣ як амали хуб нест. Вале дар яке аз адёни дигари Эрони бостон монавия фарҳанги рӯзадорӣ бисёр густурда буд ва тавсия дода мешуд, ки ҳар рӯзи душанбе ва панчшанбе аз тулуъ то ғуруби офтоб рӯза бигиранд. Дар ин рӯзҳо монавиён бештар ба ибодат мепардохтанд. Ин ба мисли рӯзаи нафл дар ислом аст. Боз як чизи аҷибе дошт, ки агар нафаре, ки рӯза мегирифт, ғизои ҳамонрӯзаи худро ба нафари ниёзманд медод. Ин як намуди ёрмандӣ ва дасти мадад дароз кардан ба табаҳаи ниёзманди ҷомеа аст.
Яҳудия
Дар дини яҳудия намудҳои муайяни рӯзадорӣ буданд, рӯзаи ёмкайфар ва ёмкипур ё ин, ки дигар намуди рӯза маҳдудияти зиёде доранд. Онҳо на танҳо хӯрок намехӯранд, балки аз шустани бадан ва дигар лаззатҳои ҷисмонӣ низ худдорӣ мекунанд. Ин намуди рӯзадорӣ бештар барои поксозии бадану рӯҳ ва шустани гуноҳҳон дар назди Худо аст.
Масеҳият
Дар масеҳият бошад рӯзадорӣ танҳо аз маҳдуд намудани истеъмоли баъзе аз анвои ғизоҳо иборат аст. Вале рӯзаву парҳезкорӣ миёни фирқаҳои гуногуни ин дин фарқ мекунанд. Яъне агар дар оини проваславӣ ва католикӣ парҳез кардан аз баъзе намудҳои ғизо ба мисли нахӯрдани хӯрокҳои гуштӣ ва чарбдор бошад, дар шохаҳои протестантии ин дин рӯзадорӣ аҳамияте надорад.
Ислом
“Дар ислом рӯзаи фарзӣ ин дар моҳи мубораки Рамазон аст, ки яке аз рукнҳои панҷгона ва яке аз сутунҳои ин дин мебошад. Ба ғайр аз он тоифаҳое, ки дар таълимоти динӣ истисно шудаанд ва баъзе сабукиҳоро доранд, барои пайравони ин дин доштани рӯза фарз аст. Шаклҳои зоҳирии рӯза ин аз тулуъ то ғуруби офтоб аз хӯрдану нӯшидан ва лаззати ҷинсӣ худдорӣ кардан аст. Ва шаклҳои ботинии он поксозии бадан ва рӯҳ инчунин такомули маънавӣ мебошад. Ҳадафи аслӣ тамаркуз дар ибодат ва наздик шудан ба Худованд аст”,- гуфт Азизӣ.

Ба ақидаи ҷомеашинос Далер Баҳромбеков, гирифтани рӯза аз рукнҳои устувор ва арзишманди ҳамаи динҳои яктопарастӣ мебошад, ки ҳачун василаи арзиши иҷтимоидошта ҳанӯз аз динҳои бисёрхудоӣ ба мерос мондааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки рӯзадории ҷисмонӣ бидуни рӯзадории рӯҳонӣ ба наҷоти рӯҳ ҳеҷ чиз намеорад. Баръакс, агар шахсе, ки аз хӯрдан худдорӣ мекунад, бо шуури бартарӣ ва адолати худ фаро гирифта шавад, метавонад аз ҷиҳати рӯҳонӣ зараровар бошад.
“Касе, ки имон дорад, ки рӯза доштан танҳо аз ғизо парҳез кардан аст, хато кардааст. Рӯзаи ҳақиқӣ дурӣ аз бадӣ, ҷилавгирӣ аз забон, канор гузоштани ғазаб, ром кардани шаҳват, боздоштани тӯҳмат, дурӯғ ва шаҳодати дурӯғ аст”, - мегӯяд Ҷон Крисостом.
Муҳаққиқон бар онанд, ки рӯзаҳои сахттарин дар дини православӣ ва ислом мебошанд. Дар католикӣ ва аксари мазҳабҳои протестантӣ, рӯза аҳамияти камтар дошта, заифтар аст. Қадимтарин ва густурдатарин расму оин рӯзадории ҷумъа аст, ки аз ҷониби Клементи Искандария ва Тертуллиан зикр шудааст. Умуман дар ҳама ҷомеаҳо маъмулан бо мафҳуми рӯзадорӣ мувофиқи шариат ва рукнҳои динӣ-мазҳабӣ шинос ҳастанд. Худдорӣ аз ғизо то андозае дар ҳама динҳои ҷаҳонӣ ифода ёфтааст.
Вақте аз Маҳатма Гандӣ пурсиданд, ки чаро рӯза медошт, ӯ посух медиҳад, ки “одамон эътиқод доштанд ва таблиғ мекарданд, ки рӯза яке аз роҳҳои созгорӣ ва хушбахтӣ аст”.
Рӯзадорӣ ба саломатии инсон фоидабахш аст...
Рӯза ғайр аз он ки рӯҳи инсонро пок мекунад, ба саломатии ӯ ҳам фоидаовар будааст.
Шоимгул Сабурова, табиби оилавии Маркази саломатии 13-и шаҳри Душанбе манфиат ва зарарҳои рӯза ба нафарони беморро шарҳ дода гуфт, ки рӯза ба одамони бемор, бахусус ба онҳое, ки гирифтори бемории захми меда, захми медаи дувоздаҳангушта, гирифторони бемороии сил, ки дар айни хуруҷанд, домана, зардпарвин ва беморони қанд қатъиян манъ аст.

“Масалан шахси гирифтори бемории сил, ки бояд ҳамеша хӯроки серғизо хӯрад, ё ки бемории қанд, ки инсулинталаб аст. Шахси гирифтори чунин бемориҳо ҳангоми гурусна мондан дасту пояш ба ларза медарояд ва ҳатто ба ҳолати беҳушӣ омада мерасад. Ин намуди беморон бояд гуруснаву ташна намонанд, зеро организми онҳо қобилияти гуруснанишиниро надоранд”, - мегӯяд Шоимгул Сабурова.
Ба қавли ӯ, доштани рӯза ба нафарони фарбеҳ, нафарони пурхӯр, фишорбаланд ва онҳое, ки хӯроҳои равғанӣ ва хамириро дӯст медоранд манфиатбахш аст. Ҳангоми рӯзадорӣ онҳо пеш аз ҳама вазни зиёдатии худро мепартоянд. Метавонанд организми худро аз чизҳои зиёдатӣ ба монанди чарбу равғанҳои дар рудаву медаву дил ва ҷигар ҷамшударо тоза кунад.
“Ҳангоми рӯзадорӣ бояд қоидаҳои истеъмоли хӯрокро риоя кард, саҳарӣ бе хӯроки ғизонок бо шиками гурусна рӯза надоранд. Ё ин ки ҳангоми кушодани даҳон вақти хӯроки шом якбора аз таоми ғизоноку вазнин истифода накарда, аввал бояд як пиёла оби ҷӯшида ва ё шарбати мевагӣ бинушанд, пас аз он хӯроки сабук истеъмол кунанд. Хурокҳои обдор ба монанди мастоба ё шӯрбоҳои гуногун ва ин ҳам бошад зиёд не, балки бо меъёри муайян хӯранд. Азбаски рӯзи дароз организм гурусна аст, маводи ғизонок ва аз меъёр зиёд вазнини карда ба бемории ғадуди зери меда ва дигар бемориҳо гирифтор мекунад”, -зикр мекунад Шоимгул Сабурова.
Ба қавли ӯ, бисёриҳо фикр мекунанд, ки ба хотири рӯзона ташна намондан саҳарӣ бояд обро зиёд нушид. Вале аз меъёр зиёд нушидани об низ зарар дорад. Ба хотири устувории организм ва тобовар гаштани он ба ташнагӣ ва ё ҳис накардан, саҳарӣ чойи гарм ва ё наботчой бояд нӯшид.
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста