Тоҷикистон тасмим гирифтааст то соли 2030 муддати таҳсил дар мактабро то 12 сол дароз кунад ва кӯдаконро аз 6-солагӣ ба таҳсил фаро гирад. Дар ин бора Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, ин тасмим дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 рӯйи даст гирифта шудааст.

Ҳоло дар кишвар муддати таҳсил 11 сол аст ва кӯдакон аз 7-солагӣ ба синфи 1 мераванд.

Дар робита ба ин, “Asia-Plus” аз сокинон пурсид: Зиёд кардани муддати таҳсил дар мактаб чиро тағйир медиҳад?

Муфассал дар навор тамошо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.