Имрӯз рӯзи аввали баҳор аст, аммо вақте аз тиреза ба берун менигарӣ, ба назар мерасад, ки нимаи моҳи зимистон аст - ҳама ҷо барфпӯш. Боридани барф камаш то 5 март идома хоҳад кард.

Ба иттилои обуҳавошиносон, рӯзҳои 1-2 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба амал омадани боришот (борон, барф)-и бошиддат пешгӯӣ мешавад. Бо сабаби ба амал омадани боришот рӯзҳои 1 то 4 марти соли ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад.

Тавре ки аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, давоми тамоми моҳ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда бо боришот ва тағйирёбии ҳарорат пешбинӣ мешавад.

Ҳарорати миёна ҳатто нисбат ба соли гузашта пасттар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст. Агар соли 2023 ҳарорат дар рӯзҳои аввали моҳ рӯзона дар ҳудуди 14-16 дараҷа қарор дошт, пас имсол ҳарорат танҳо нимаи моҳ то 15 дараҷа гарм мешавад. Охири моҳ ҳарорати то 20-22 дараҷа гарм дар назар аст.

Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Дар Душанбе ҳарорати миёна дар моҳи март 16-18 дараҷаро ташкил дода, ҳавои тағйирёбанда ва боридани борон пешбинӣ мешавад. Танҳо дар даҳаи сеюми моҳ метавон рӯзҳои офтобиро интизор шуд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º пасттар  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 4+7º гармиро ташкил медиҳад.

Дар оғози даҳрӯзаи якуми моҳ дар водиҳо ҳарорати рӯзонаи ҳаво 9+14º гарм, шабона -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, шабона 2-7º хунук дар назар дошта шудааст.

Дар рӯзҳои боқимонда баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона аз 12+17º гарм то 20+25º гарм, шабона аз 2+7º гарм то 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона аз 7+12º гарм то 13+18º гарм, шабона аз 0-5º хунук то 0+5º гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боришоти зуд-зуд (дар водиҳо асосан дар намуди борон) дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меоянд.

Рӯзҳои алоҳида раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ фаромада, шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 12-17м/с аз эҳтимол дур нест. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ дар охири даҳрӯзаи аввал ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 7+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+2º-ро ташкил медиҳад.

Дар оғози даҳрӯзаи якуми моҳ дар водиҳо ҳарорати рӯзонаи ҳаво 6+11º гарм, шабона -4+1º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, шабона 6-11º хунук дар назар дошта шудааст. Дар рӯзҳои боқимонда баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо рӯзона аз 10+15º гарм то 16+21º гарм, шабона аз 0+5º гарм то 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона аз 1+6º гарм то 6+11º гарм, шабона аз 3-8º хунук то -1+4º пешгӯӣ мешавад.

Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боришот - дар водиҳо асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди борону барф дар назар буда, баъзан ҳолатҳо бошиддат ба амал меоянд.

Рӯзҳои алоҳида раъду барқ ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ фаромада, шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 17-22м/с аз эҳтимол дур нест.

Дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º пасттар пешгӯӣ шуда, -1+5º-ро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 2+7º гарм то 9+14º гарм, шабона аз 3-8º хунук то -1+4º мешавад. Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боришот (борон, барф)  зуд-зуд дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ба амал меояд.

Дар шарқи ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1º пасттар пешгӯӣ шуда, 4-8º хунукиро ташкил медиҳад.

Дар нимаи аввали моҳ реҷаи пасти ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона 4-9º хунук, шабона аз 20-25º хунук то 12-17º хунук мешавад. Дар рӯзҳои боқимондаи моҳ ҳарорати рӯзонаи ҳаво баланд шуда аз 0-5º хунук то 3+8º гарм, шабона аз 6-11º хунук то 2-7º хунук мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.