Рӯзҳои 24-25 май дар қаламрави Тоҷикистон боридани борону жола ва раъду барқ дар назар аст. Ҳамчунин пурзӯр шудани суръати вазидани шамол то 10-15 м/сония, дар баъзе ноҳияҳо - то 13-18 м/сония пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, дар ин рӯзҳо ва шаби 26 май дар вилояти Хатлон борону раъду барқ пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб ба суръати 10-15 метр дар як сония мевазад.

Дар вилояти Суғд низ боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ боридани жола пешбинӣ шудааст.

Дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ дар ин рӯзҳо боришот пуршиддат мешавад, рӯзи 26 май боридани жола дар назар аст.

Дар қаламрави ВМКБ рӯзҳои 24-25 май боришот ва шабона дар баландии зиёда аз 3000 метр боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки  эҳтиёткор бошанд, зеро боришот метавонад ба селфароиҳо ва резиши сангу ярч боис гардад. Аз волидон хоҳиш шудааст, ки фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузошта, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.

Аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ хоҳиш шудааст, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода мешавад, ки аз қабл бояд каналу ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна сангу регу хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел роҳи гузар дошта бошад ва  ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад.

Дар сурати рух додани ҳолати фавқулода ё ягон ҳодиса нохуш, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои 112 ё 93 880 28 19; 88 400 01 01 занг зананд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.