Шоми дирӯз, 27-уми май, дар толори консертии Кохи Суруш шаби эҷодии шоир ва рӯзноманигори тоҷик Кӯҳзоди Фатҳулло таҳти номи “Аз домани кӯҳи баланд” баргузор шуд.
Шаби эҷодиро худи Кӯҳзоди Фатҳулло оғоз намуда, чанд намунае аз ашъори худро қироат кард ва ҳофизони шинохтае, ки ашъори ӯро ба оҳанг бастаанд, дар шаби эҷодӣ онҳоро манзури ҳозирин карданд.
Аз ҷумла, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев шеъри “Не ҳадду ҳудуд, не карон дорад ишқ”-ро дар ин шаби эҷодӣ суруд. Ин овозхони маъруф ҳамзамон аз ҳунари шоирии Кӯҳзоди Фатҳулло сухан гуфт.
Пас аз ин, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз қаламкашии Кӯҳзоди Фатҳулло васф кард ва таъкид дошт, ки “шеъраш тасвири зебои шоирона зиёд дорад”.
“Устод Лоиқ нигаронӣ доштанд, ки пас аз эшон шоирони ба тамоми маъно шеърмегуфта меоянд ва ё на ва хавф доштанд, ки майдони шеър холӣ мемонад. Вале пас аз насли устод Лоиқ, насли мо ба майдони шеъру адабиёт ворид шуд ва пас аз мо ҳам Кӯҳзоди Фатҳулло ва ҳамовардонаш ин майдонро гарм нигоҳ медоранд”, - гуфт Камол Насрулло.

Баъдан Абдуллоҳи Раҳнамо, шоир ва сиёсатшиноси тоҷик, дар ин шаби эҷодӣ аз ҷасорати Кӯҳзоди Фатҳулло ҳарф зад ва гуфт, “дар ҳавзаи адабие, ки Рӯдакиву Фирдавсиву Ҳофизу Саъдиву Мавлонову Бедил ва билохира Лоиқу Гулрухсор дорад, “ман ҳам шоир” гуфтан иродат ва боварии зиёдро талаб мекунад, ки онро Кӯҳзоди Фатҳулло дорад ва варо дар ин роҳ таҳният мекунам”.
Кӯҳзоди Фатҳулло гуфт, ки ин шаби эҷодиро на ба хотири шӯҳрат, балки фақат ба хотири падару модари пираш роҳандозӣ кардааст. Ҳузур ва сухангӯиҳои падару модараш ҳам ба шаби эҷодии шоир рӯҳи тоза бахшид.
Дар идомаи маҳфил чанде аз сарояндагони кишвар, оҳангҳои бар шеъри Кӯҳзоди Фатҳулло бастаи худро тақдими ҳозирин карданд.

Бояд гуфт, ки ин нахустин шаби эҷодии шоир ва рӯзноманигори тоҷик Кӯҳзоди Фатҳулло аст ва ӯ то кунун ду маҷмааи ашъораш - “Аз алам то қалам” ва “Аз домани кӯҳи баланд”-ро ба чоп расонидааст.
Ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар номинаи эҷоди назм ҳаст.
Ёдовар мешавем, ки Кӯҳзоди Фатҳулло 42-сола аст ва мутаваллиди шаҳри Панҷакент мебошад. Хатмкардаи факултаи геологияю маъдан (соли 2005) ва филологияи ДМТ (соли 2010) аст. Мавсуф аз моҳи октябри соли 2016 инҷониб дар “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият дорад ва муаллифи барномаҳои “Адиб ва Истиқлол” ,“Минбари сухан”, “Парвози сухан”, “Арзи меҳр” ва “Хони адаб” ҳаст.
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоиро ҳам ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста