Ришод Зоҳир, писари овозхони шаҳир Аҳмад Зоҳир дар Душанбе ба баҳси ҳувияти падараш нуқта гузошт ва гуфт, “бобоям Абдузоҳир ва худи падарам Аҳмад Зоҳир тоҷик буданд”.
Имрӯз, 11-уми июн Ришод Зоҳир дар Душанбе бо рӯзноманигорони тоҷик нишасти хабарӣ баргузор кард. Рӯзноманигорон перомуни ҳувияти падараш, гуфтугузорҳо дар бораи қатли Аҳмад Зоҳир, вазъи имрӯзаи ҳунар дар аҳди Толибон*, ки солҳо дар расонаҳо давр мезад, аз Ришод Зоҳир пурсиданд.
Ӯ гуфт, Абдузоҳир – падари Аҳмад Зоҳир зодаи минтақаи Демазанг буда, худи ӯ ҳам дар ҳамин минтақа таваллуд шудааст ва аслан ҷадду гузаштаҳояшон аз музофоти Лағмон мебошанд.
“Аввалан, Аҳмад Зоҳир аз ҳамаи ҷаҳон аст. Аммо агар ҳақиқатро бигӯям, аҷдодони мо 80 фисад тоҷиканд. Мо тоҷикем, мо ҳаммиллатем”, - гуфт Ришод Зоҳир.
Ӯ дар боби қатли падараш ҳам гуфт, ки Аҳмад Зоҳирро “аз мо рабуданд” ва баъди се моҳи марги Аҳмад Зоҳир оҳангсози шаҳир, ки бештар ба Аҳмад Зоҳир оҳанг эҷод мекард, Фазлмаҳмади Найнавозро низ “аз миён бардоштанд”.
Дар зер пахши зиндаи гуфтугӯи Ришод Зоҳирро бо рӯзноманигорони тоҷик бубинед.
Аммо мушаххас нагуфт, ки дар мавриди қатли падараш чӣ далелҳо ба даст овардааст ва киро дар қазия гунаҳгор меҳисобад.
Дар ҳамин ҳол, Ришод Зоҳир аз вазъи имрӯзаи ҳунар дар Афғонистон нигаронӣ кард.
“Дар зодгоҳи Аҳмад Зоҳир ба фарҳангу ҳунару мусиқӣ арҷ намегузоранд. Дар ҷое, ки ҳунар арзиш надорад, бояд тарсид, боиси нигаронӣ аст”, - иброз дошт ӯ.
Вай ҳамчунин ба шикастани лавҳаи қабри Аҳмад Зоҳир ишора карда, гуфт, ки “падарам бо Худо наздик буд ва ҳарчи кунанд ҳам, муҳаббати ӯ аз қалбҳо зудуда намешавад”.
Ӯ аз хотироти бо Аҳмад Зоҳир доштааш ёд оварда, иброз дошт, “шодам, ки ихлосмандони вайро дар Тоҷикистон бо қалбҳои пур аз меҳр мебинам”.
Бояд гуфт, ки Ришод Зоҳир бо писараш Ёсин Зоҳир рӯзи 9-уми июн вориди Душанбе шуданд ва ду ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон мемонанд.
Ғайр аз ин, онҳо шоми 14-уми июн бахшида ба рӯзи мелод ва марги Аҳмад Зоҳир дар Кохи Суруш таҳти унвони “Аз сафар хуш омадӣ!" шаби ёдбуд баргузор мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ин шоми ёдбуд чанде аз сарояндаҳои номдори кишвар, ки дар пайравӣ ва мактаби Аҳмад Зоҳир сурудхонӣ намудаанд, иштирок хоҳанд кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ришод Зоҳир ҳам овозхон аст ва дар аввал таронаҳои падарашро бозхонӣ мекард. Соли 1987 дар 17-солагӣ нахустин албоми худро таҳти унвони “Гули интизор” нашр кард ва то кунун даҳҳо консерт баргузор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1946 дар оилаи ходими давлатии Афғонистон Абдузоҳир ба дунё омада ва дар овони ҷавонӣ бо оҳангҳои қолабшикан шӯҳрати зиёдро ба даст овард ва дар авҷи маъруфияташ рӯзи 14-уми июни соли 1979 дар 33-солагӣ ба қатл расонида шуд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста