Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои осон кардани кори муҳоҷирону гурезаҳои афғонистонӣ ва машварат ба онҳо ҷиҳати риояи қонуну қоидаҳои буду бош дар Тоҷикистон лоиҳаи нав роҳандозӣ кардааст. Ин лоиҳа зери унвони “Ҳуқуқи мо” тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад.
Ровии ин лоиҳа Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст, ки собиқаи зиёди кор дар радиоро дорад. Барнома сар аз аввали моҳи июл ҳафтае як маротиба таҳия ва пахш мешавад.
Ин лоиҳа аз 11 гуфтори аудиоӣ иборат хоҳад буд, ки дар онҳо раванди қабули муҳоҷирон ва гурезаҳо дар Тоҷикистон, омодасозии ҳуҷҷатҳо, ҳуқуқи тиҷорат ва таҳсилилу табобат, қоидавайронкуниву ҷаримаҳо, ҳуқуқи буду боши муҳоҷирон ва гурезаҳо дар шаҳру навоҳии алоҳидаи Тоҷикистон, касбомӯзии муҳоҷирону гурезаҳо ва дигар мавзӯъҳои муҳим барои муҳоҷирон афғонистонӣ бо иштироки намояндаҳои мақомоти гуногуни Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Вобаста ба мавзуоти мавриди назар, дар қатори коршиносу мутахасисони ҳирфаӣ аз вазорату идораҳои Тоҷикистон, аз миёни муҳоҷирон ҳам ҳамсӯҳбатон интихоб карда мешаванд.
Аз ин миён, 7 мавзуи муҳимтарини ин лоиҳа дар шакли подкасти видеоӣ бо давомнокии 90 сония омода ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегарданд.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста