Дар Душанбе аз 1‑ум то 31‑уми август ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия‑Плюс” дар   шаҳрдории  Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомоти шаҳрдорӣ, ярмакаи либосҳои мактабӣ ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт, аз соати 9:00 то 19:00 баргузор мегардад ва  то оғози соли нави хониш идома мекунад. Дар ярмарка беш аз 20 корхона ва соҳибкорон ширкат варзида, маҳсулоти худро пешкаши харидорон мекунанд.

Ярмаркаи асосӣ ҳамарӯза дар маркази савдои “Панҷшер” (бозори “Саховат”) ташкил мешавад ва дигар ярмаркаҳо дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

- ноҳияи И.Сомонӣ: дар мағозаҳои истеҳсолии ҶДММ “Истиқлол”, ҶДММ “Чеварони Лола”, ҶДММ “Варзоб ТК” ва ҶСК “Гулистони Душанбе” (кӯчаи Техрон, 21).

‑ дар ноҳияи Шохмансур: дар кӯчаи Валаматзода, 8 (дар паҳлӯи бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Рӯдакӣ, 10 (дар паҳлӯи марказҳои савдои “Садбарг” ва “Шукрона”), дар кӯчаи Айнӣ, 307/5 (маркази савдои “Ховарон”) ва кӯчаи А. Лоҳутӣ, 4/33 (маркази савдои “Гелос”).

- дар ноҳияи Фирдавсӣ: дар ҳудуди бозорҳои “Корвон” ва “Корвон плюс”, дар “Дунёи нав АСК” ( кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, маҳаллаи 61), дар назди корхонаи “Насоҷии тоҷик” ва дар маркази савдои “Ганҷина” (“Саховат”).

- дар ноҳияи Сино - дохили бозори Сафариён (бозори паси Автовокзал).

Ёдовар мешавем, ки қарори ташкили ярмаркаро 28‑уми июли соли 2021 Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расонида буд ва инак се сол мешавад, ки баргузор мегардад.

Дар баробари баргузор шудани ярмаркаи либосҳои мактабӣ ҳамасола бо наздик омадани соли нави хониш, сокинони кишвар аз қимматии либос ва лавозимоти мактабӣ  шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.