Бонки осиёии рушд (БОР) барои беҳтар намудани хидматрасониҳо дар соҳаи ҳифзи модарону кӯдакон дар Тоҷикистон ба маблағи 30 млн доллар грант ҷудо кард.
Тавре ки дар хабари бонк зикр мешавад, лоиҳа се ноҳия - Айнӣ, Данғара ва Дарвозро фаро гирифта, дар ин ноҳияҳо муассисаҳои муосири тиббӣ сохта мешаванд.
Гуфта мешавад, дар ноҳияи Айнӣ сохтмони таваллудхона бо 40 ҷой ва дар Данғара таваллудхона бо 80 ҷой дар назар буда, дар ноҳияи Дарвоз сохтмони беморхонаи марказӣ барои 100 ҷой ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои сарфаи барқ, ки ба шароити иқлими минтақа мутобиқанд, муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
“Ба ҷорисозии низоми рақамии идоракунии амволу дороиҳо (OpenMEDIS), ки баҳисобгирии самаранок ва хидматрасонии таҷҳизоти тиббиро таъмин мекунад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд, - омадааст дар хабар. - Барои кор бо низом ҳайати кормандони муассисаҳо аз давраҳои омӯзишӣ мегузаранд”.
Ин лоиҳа илова ба гранти ҷории БОР дар ҳаҷми 32 млн доллар аст, ки соли 2018 дар доираи барномаи “Кумаки комплексӣ ба ҳифзи солимии модару кӯдак” мебошад. Ин лоиҳа ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди хидматрасониҳои тиббӣ дар ноҳияи Файзобод, Рашт ва Шамсиддини Шоҳин кумак мерасонад.
МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.
Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон - аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия - ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.





Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста