Шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2024 дар 20 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе истифодаи журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) ба таври озмоишӣ қатъ гардида, журнали электронӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар ин хусус дар Сарраёсати маорифи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, дар ҳар як синфи муассисаҳои таълимӣ барои омӯзгор як адад компютер гузошта шудааст, ки онҳо метавонанд дар раванди дарс баҳои хонандаро дар журнали электронӣ гузоранд.
Ба гуфтаи масъулин, дар журнали электронӣ ҳамчунин омӯзгор метавонад баҳои гузошташударо шарҳ диҳад. Ҳангоми пур кардани он баҳо ва вазифаи хонагӣ ба таври худкор дар рӯзномаи электронии хонанда пайдо мешавад.
“Электронӣ гардидани журнал аз ҷониби волидайн хуб қабул гардид, чун онҳо метавонанд саривақт аз давомоти фарзандашон огоҳ бошанд ва дар барномаи “eDonish” ҳамарӯза аз натиҷаи фаъолияти онҳо огоҳ бошанд”,- гуфтанд дар Сарраёсати маорифи пойтахт.
Дилноза Комилзода, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city)-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки низоми мазкур пурра автоматӣ шудааст ва пур кардани журнали электронӣ 5 дақиқа вақтро мегирад.
“Шояд бо мурури замон журнал ва рӯзномаи анъанавӣ аз байн равад, ки ин вақт ва маблағро барои хариди онҳо сарфа мекунад. Омӯзгорон ва волидайн метавонанд бо як пахш журнал ва рӯзномаҳои электрониро тафтиш кунанд, имзо гузоранд ва шикояту пешниҳоди худро нависанд”, - гуфт Комилзода.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз омӯзгорон ба электронӣ гардидани журнал ва аз байн рафтани журнали анъанавӣ назари манфӣ доранд. Омузгори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, ки нахост номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” паҳлӯи дигари ин иқдомро шарҳ дод.
“Ин система барои хонанда ҳам номафҳум аст. Бигзор мисли се соле, ки дар баробари журнали электронӣ журнали анъанавӣ низ буд, аз ин ба баъд низ омӯзгорон ҳаққи истифодаи ҳардуро дошта бошанд. Баъдан аксарияти падару модарон низ аз ин система огоҳ нестанд ва истифода низ намебаранд, агар истифода кунанд ҳам шояд баъди моҳҳо як маротиба онро аз назар мегузаронанд”, - гуфт омӯзгор.
Ӯ дар идома афзуд, ки журнали анъанавӣ ҳамчун ҳуҷҷат давоми 75 сол дар архиви муассиса нигоҳ дошта мешавад ва ҷойгоҳи онро журнали электронӣ гирифта наметавонад.
Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо истифодаи журнали анъанавӣ ба таври озмоишӣ манъ гардида, журнали электронӣ роҳандозӣ гардидааст:
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста