Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз сафари корӣ ба вилояти Хатлон, рӯзи 7-уми сентябр бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад ва ин сафар то 10-уми сентбяр идома меёбад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд (БДА) бо нашри як эълон гуфтаст, ки дар пайи сафари кори меҳмонони олиқадр ба шаҳрҳои ноҳияҳои вилояти Суғд ва баргузории ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳаракат дар бархе роҳҳои вилоят муввақатан қатъ мешавад.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои манбаъ:
- рӯзи 7-уми сентябри соли 2024, кӯчаҳои "Хувайдуллоев", "Бобоҷон Ғафуров", "Гагарин" ва "Исмоили Сомонӣ"-и шаҳри Бӯстон, роҳҳои автомобилгарди "Хуҷанд-Ғафуров" ва кӯчаи марказии шаҳри Сардараву ва кӯчаи "Истиқлол"-и шаҳри Гулистон;
- рӯзи 8-уми сентябри соли 2024, роҳҳои автомобилгарди "Булоқ-Понғон", ҳудуди роҳҳои марказии ҷамоатҳои "Шодоба", "Ошоба" ва "Алпон"-и ноҳияи Ашт;
- рӯзи 9-уми сентябри соли 2024, кӯчаи "Истиқлол"-и шаҳри Гулистон, роҳҳои автомобилгарди "Хуҷанд-Ғафуров", кӯчаҳои "Исмоили Сомонӣ" ва "Камоли Хуҷандӣ"-и шаҳри Хуҷанд, кӯчаи "Ёва"-и ҷамоати Ёва ва пули "Истиқлол" (Ҷигатой) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чорраҳаи маҳаллаи Сарсук, кӯчаҳои "Рифат Ҳоҷиев", "Шимкент" ва "25-солагии Истиқлолият"-и шаҳри Хуҷанд;
- рӯзи 10-уми сентябри соли 2024, роҳҳои автомобилгарди "Конибодом-Деҳмой", ҳудуди деҳаи "Кучкак", кӯчаи "М Турсунзода"-и деҳаи "Исмоили Сомонӣ", кӯчаҳои "Камоли Хуҷандӣ", "Исмоили Сомонӣ", "Содир Кобилов", "Маданият" ва "Айнӣ"-и шаҳри Конибодом.
баста мешавад.
Давомнокӣ ва соати баста шудани роҳҳо гуфта нашудааст.
БДА аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки ҳаркарти худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафати ин роҳҳо идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло дар сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, дар чорабиниҳои фарҳангии Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, ки дар Суғд мегузарад ширкат хоҳад кард.
Ҳамчунин, бо иштироки ӯ як қатор биноҳои маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд.
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста